Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Марямбонуи Фаргонӣ

Ногаҳ чашмонамро касе бо дастонаш зер кард. Аз чӣ бошад, ки чеҳраи Истам пеши назар омад.

— Истам!

— Хестӣ, ки хобат, - овози духтарак аз дигар тараф омад.

— Пас, кист, ки шӯхӣ мекунад?

— Дарёб!

— Ёрӣ деҳ, — илтиҷои дурӯғин кардам ман.

— Ба ивазаш чӣ медиҳӣ?

— Ҳар чизе, ки хоҳӣ.

— Қош...

— Бигӯ, чӣ мехоҳӣ?

— Чизе не. Кушо чашмонаша, Наҷот.

Чанд сония пеши дидагонам торик буд. Ду сояи пасту баланд оҳиста-оҳиста ба Истаму писарбачаи ҳандонрӯе табдил ёфтанд. Писарак ва Истам себи дукафон буданд. Пай бурдам, ки онҳо додару хоҳаранд. Аз кӯзаи дасти Истам маълум буд, ки онҳо барои об ба сари чашма омадаанд.

— Тарсидӣ?

— Аз чӣ метарсам? Аҷаб гапҳое мегӯйӣ.

— Охир, тоҷикон кӯдаконро бо номи чӯгизанакҳои хӯрчиндор метарсонанд-ку.

— Ҳо, рост мегӯйӣ. Бачаҳои гапнодароро ҳам аз лӯлӣ ба ивази сабӯс харидем, мегӯянд. Масалан, то комилан худро шинохтан бовар мекардам, ки маро апаи Иноятам аз лӯлизанаке ба ивази чакса сабӯс харидааст. Бино бар он, агар дар кӯча ягон лӯлии хӯрчиндорро бинам, мегурехтам, ки маро дуздида дар ҷойи дигар ба ивази сабӯс нафурӯшад.

— Акнун наметарсӣ?

— Чаро тарсам, ки аввалан, ман кӯдак нестам, сониян, ту ҳам аз он занҳои хӯрчинбакитф нестӣ.

— Якетарсӣ... — нигоҳи Истам озмоишкорона буд.

— Ҳаргиз! — бо ҷиддияту бовари том гуфтам ман.

— Аз гапу калочаи одамон-чӣ?

— Ман ба ҳама маънӣ аз касе бим надорам. Ба роҳам рост бошам, чаро тарсам?

пешина
аз 208
навбатӣ