Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

аҳли Сӯҳу он деҳкадаҳо аз ягон ҷиҳат тафриқае нест. Суфасанги кабӯд ҳам замоне дар пушти дарвозахонаи як марди чоркӯҳӣ меистодааст. Бобокалони бобоям бо он марди чоркӯҳӣ аҳди дӯстӣ доштаанд. Он кас як бегоҳ ба хоҳарзодаи ятимашон, ки ҳамчу фарзанд тарбия мекардаанд, гуфтаанд: «Писарам, имшаб тезтар хоб кунед, ки сахарии барвақт Чоркӯҳ меред.» Ҷавон андаке содафеъл будааст, аз афти кор, ки аз рӯйи гуфти тагояш амал карда, зуд хоб рафтаасту пеш аз субҳ хеста, бе он ки аз тагояш фармоише гирад, пойи пиёда ҷониби Чоркӯҳи Исфара равон шудааст. Намедонам, ҳамон бегоҳ ё шоми дигар, ба ҳар ҳол, ба хонаи дӯсти чоркӯҳиашон расида рафтааст. Марди чоркӯҳӣ ӯро хуш қабул карда, дар меҳмонхонааш ҷой додаву иззату эҳтиромашро ба ҷо овардааст. Зиндагии ин хонадон ба он ҷавони гӯлак зиёд хуш омадааст магар, ки ҳафтае мегузаштасту азми баргаштан намекардааст. Маълум, ки ҳеҷ тоҷике аз меҳмон «Кистиву чаро омадӣ ва кай меравӣ?» гуфта намепурсад. Ин мизбон низ аз ҷавони сӯҳӣ дар аввал рӯйирост чизе напурсидааст. Дидааст, ки меҳмон ҳеҷ нияти рафтан надорад, оқибат суол кардааст: «Вақти омаданатон ошнои мо ягон хоҳиш накарда буданд?» «Не, - гуфтааст ҷавони сӯҳӣ, - тагоям ҳамту гуфтанд, ки Чоркӯҳ меред.» Марди чоркӯҳӣ одами закиву шӯҳтабиат будааст, ки бо тамоми ҷиддият гуфтааст: «Тагоятон боре аз ман хоҳиш карда буданд, ки ҳамин суфасанги пушти дарвозаатон бисёр маъқулам шуд. Агар бемалол бошад, ҳаминро ба ман туҳфа кунед. Ман розӣ шуда будам. Ошноям гуфта буданд, ки ҷиянро мефиристам, гирифта мебарад. Меҳмон, имшаб барвақттар хоб кунеду барвақттар ба роҳ бароед, ки бевақт нашуда ба дасти дӯсти азизамон туҳфаи моро бегазанд расонед.»

Хуллас, ҷавони думбултабиат аз рӯйи гуфтаи мизбон амал кардааст. Соҳибхона саҳарии солеҳон аз ҷой хеста бинад, бистари меҳмон гундоштагӣ. Дилаш зиқ шудааст, ки ҷиян аз гапи ман ранҷида, шабона баромада рафтааст.

Ҷавони содафеъл қариб як ҳафта суфасанги кабӯд дар пуштора ҷониби офтоббаро роҳ мепаймудааст. Хаёлам,

пешина
аз 208
навбатӣ