Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту ҳамин хел навиштӣ ва ба муаллим хонда ҳам додӣ?

— Ҳо. Лекин...

— Хуш, хуш, баъд чӣ шуд?

— Ҳама ба ҳоли ман хандиданд, - лабони набера каме лундашаклу лунчҳояш овезон шуданд.

— Хандиданд?

— Ҳо, масхара карданд, - писарак бараъло ранҷидахотир менамуд.

— Баъд ту исми хоси сангамонро нагуфтӣ?

— Хандаашонро бас мекарданд, ки гӯям. Зоҳиран онҳо гумон карданд, ки ман ба мақсади дарс сарфаҳм нарафтам. Лекин муаллим Комилзода зуд фаҳмид, ки гап дар сари кадом санг меравад. Вай бачаҳоро сарзаниш карда гуфт: «Ҷамшедҷон дуруст мегӯяд. Харсанге, ки дар ҳавлии бобояш мавҷуд аст, Санги лағзонак ном дорад. Бачаҳо дибед, Ҷамшедҷон мавзӯъро дуруст фаҳмидаст. Ҳама санг исми хос надорад. Вале дар диёри мо чанд санг исми махсуси худро дорад: Санги арӯс, Санги навишта, Санги оина, Санги лағзонак. Ин сангҳо соҳиби ном ва саргузашти хеш ҳастанд. Дар ҳаққи ин сангҳои соҳибном мардум ривоятҳо кардаанд.»

— Хеле хуб.

— Карим гуфт, ки суфасанги пушти дарвозаи бобои ӯ ҳам исми хос доштаасту мебояд онро бо ҳарфи калон навишт.

— Муаллим чӣ гуфт?

— Пурсид, ки он суфасанг чӣ ном дорад? Аз рӯйи гуфти Карим, онро Санги кабуд мегуфтаанд. Мо, бачаҳо, ҳайрон шудем, ки магар ба хотири ранг номи сангро бо сарҳарф навишта шавад? Муаллими мо аз саргузашти Санги кабуд пурсон шуд. Карим чунин нақл кард:

«Аз қадим миёни мардуми Сӯҳу Исфара дӯстиву рафоқат мисли имрӯза побарҷо будааст. Духтар медодаанду арӯс меовардаанд. Бобоям мегӯяд, ки ба андешаи ман, ё аслан, мардуми Чоркӯҳу Ворухи Исфара Сӯҳӣ ва ё решаи мардуми Сӯҳ аслан аз он ҷо. Дар миёни

пешина
аз 208
навбатӣ