Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

зиёфати хӯрдааш бинибарор шудагист. Ҳуллас, бо ҳазор ранҷу азоб ба Варган расида, борашро пушти дари тагояш фаровардааст.»

Пас аз он ки Карим ривояти овардани сангро ба охир расонид, муаллим Комилзода гуфтанд:

  • Бале, меарзад, ки номи ин сангро ҳам бо ҳарфи калон нависем.

Зокири Хоҷа завқ карда хандид.

  • Ҳамсинфат нагуфт, ки соҳибони Санги кабуд чӣ лақаб доранд? Не? Ин тавр бошад, гӯш кун. Онҳо аз авлодони Ҷунайдулло-махдум буда, ба шарофати он ҷавони содафеъл ва таърихи аз Исфара оварда шудани Санги кабуд ба худ лақаби «Чоркӯмерамо» гирифтаанд. Он санг ҳамчун нишони дӯстиву рафоқати мардуми Сӯҳу Исфара ҳанӯз ҳам дар пушти дарвозаи яке аз ворисони Чоркӯмерамо истодааст. Ман он суфасангро дидаам. Кас бовар намекунад, ки он санги чандманиро як тан ҷавон, агарчи таҳамтани замон бошад, даҳҳо фарсанг роҳ паймуда, дар пуштора аз Исфара то Сӯҳ оварда бошад. Агар ин ривоят асоси воқеӣ дошта бошад, ҳаммоли Санги кабуд, бешак, соҳиби нерӯи фавқултабиӣ будааст.

Ҳоло Санги кабуд аз миёнааш рост кафидааст. Назар ба гуфтаи мардум, дар таъсири ин ривоят ҳама ба тамошояш рафта, оқибат захми чашм кардаанд. Аз ин боис, мегӯянд, ки чашми одами ҳасуд санга мекафонад.

  • Шояд он санг дар таъсири боду борон дарз ёфта бошад?
  • Шояд... Он мавзеъро аввалҳо кӯчаи Санги кабуд ҳам мегуфтанд. Ҳоло...
  • Чаро якбора хомӯш шуда мондед, бобоҷон?
  • Мардуми содаву хурофотпараст имрӯз он мавзеъро Мазори Санги кабуд номида, кӯдакони сулфакабудак доштаро барои эму дам ҳамон ҷо мебурдаанд. Ростӣ, қаҳри кас меояд!..
  • Агар он сангро мардум муқаддасу муътабар мешуморида бошанд, бад аст магар? Худатон-ку ҷойҳои таърихиро бояд эҳтиёт кард, мегӯед.
пешина
аз 208
навбатӣ