Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Ман барои худам не, барои бачаҳои мардум ҷон мекоҳонам.
— Бояд шарм мекардед, магар ман надидам, ки ҳамин чанд дақиқа пеш ду мошин ҳезум ҷониби хонаи шумо мерафт?!
— Эҳ, пиракии сода! Гумонат он ҳезумҳоро барои эҳтиёҷоти хоҷагии худам бурдам? Мактаб анбор надошта бошад, ҳезумро куҷо захира кунам?
Дар ин миён ҳангомаҷӯён як-як пайдо мешуданду бо лабханд ба гуфтугузори ин ду тан гӯш медоданд.
— Мардум, ба ин пиракӣ худатон гӯед, мактаб анбор дорад? Шунидӣ, домулло, надорад, бале, анбор надорад! Он ошхонаву устохонаву китобхонаву анҷомхонаи мактаб, ки дар даври ту буд, имрӯз аз бунёд нобуд шудаанд! Он қитъаи замин, ки муаллими ботаника Камолиддин Бобоев таҷриба мегузаронид, дигар моли мактаб нест! Дар ҷойи ин ҳама маркази савдо сохта шудааст, фаҳмо? Ҳамаш аз рӯйи қонун! Ҳуҷҷатҳояш вақте тахт шудаанд, ки ман роҳбари ин мактаб набудам. Фаҳмидӣ? Модом ки фаҳмида бошӣ, марҳамат карда, як сӯ гузар, ки усто корашро тамом кунад. Мо ӯро соатбайъ ҳаққи хизмат медиҳем.
Содиқзода ба чашми мардуми тамошобин дида медӯхт. Бархе бо каллаҷунбонӣ гапи директори мактабро тасдиқ мекарданд. Нигоҳҳояшон маъние надошт, балки омӯзгори пир аз онҳо маъние намеёфт.
Яке ҳис кард, ки шонаи чапаш хала зад. «Уфф...» — дами сарде кашид зиёии пир. Кӯшиш кард, ки ба ҳозирин вазъи ногуворашро аён насозад, аммо дард аз шона батадриҷ ба синаи чапаш хазид...
САНГИ СОҲИБНОМ
Ба афроди худшиноси аввалватанам мебахшам, ки дар баробари боди самули тоҷиккуш, ҳаройина, сина сипар мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё