Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

не, беду сафедор не, балки кастонаву ақоқиё шинонд, ки баъди чанд сол рустои кӯҳӣ аз шукӯҳи он дарахтон манзараи афсонавӣ касб кард. Эҳ, чӣ нақҳатистон мегардид гирду пеши мактаб вақти гули кастона!

Инак, боз мошини дигар ба чашм намоён шуд. Бори ин мошин низ ҳезум буд. Бале, аз шоҳу шиббаҳо маълум, ки дарахтони дастпарвари ӯро буридаанд...

Пеши назари Содиқзодаро пардаи торикӣ гирифт. Ба хараки пушти дарвозаи кадоме нишаста, андаке нафас рост карду боз ба роҳ уфтод.

Садои арраи барқӣ пардаи гӯшҳоро ба ларза меовард. Дарахтони сояафкани пушти саҳни мактаб гӯиё ҷон ба каф гирифта, интизори лаҳзаи даҳшатбор буданд. Пири нуронӣ банди дасти ҷавонмарди аррабадастро дошт.

– Эъ, бобӣ, ай ҷонут сер шудӣ магар? Як тараф бест, ки зери дарахт мемониву хунат ба гардани ман меафтад!

– Ҳоло ҳам гуноҳи андак нагирифтӣ, шермард. Арраро як сӯ гузор!

Яке ба ҷои воқеа директори нави мактаб расида омад.

– Ҳой-ҳой, муаллим, чӣ коре буд, ки мекунӣ? Як сӯ гузар, фалокате рӯй надиҳад.

«Ин аст «ободкорӣ», Тали Рашти азиз, магар табар кори қаламрову теша кори қаландро карда метавонад? Бояд қаламбадаст ҳам ба равиши кори худаш бошаду қаландбадаст ҳам», — аз дил гузаронид пири равшанзамир ва ба директори мактаб теғи нигоҳ кашид:

– Дар сари кор шумо ҳастед-а? Оё ниҳоле шинонидаед, ки дарахтони тановарро мебуред?! Ҳезуматон форид?!

– Э, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, муаллим! Ман ҳезуми ин дарахтони сабилмондаро барои зимистонгузаронии мактаб захира карда истодаам! Замона дигар шудааст. Ба мисли даврони ту баринҳо аз боло ангишту ҳезум намефиристанд. Ҳар роҳбар бо ҳар роҳе...

– Бас! Ангишти кони Назарайлоқ камӣ кард? Мебоист аз ҳисоби маблағи сарикасӣ барои зимистонгузаронӣ ҳезум мехаридед.

пешина
аз 208
навбатӣ