Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
субҳонаи дуяшон мефиристод. То фатири баргбаргро бо ним банка рӯйи шир нӯши ҷон мекарданд, ки саҳни мактаб аз хонандагон пур мешуд, вожатий онҳоро барои ҷамъомади пагоҳирӯзӣ саф мекашонд, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Салоҳиддинов ҳамоишҳои саҳариро чунон дар сатҳи баланд мегузаронд! Ӯ марди донишманде буд. Ҳафтае як бор ба муаллимон бо номи «политинформатсия» машғулияте низ баргузор мекард. Вай ба ҳамкасбон аз ахбори сиёсӣ дида, навгониҳои соҳаи маорифи кишварро зиёдтар мерасонид. Ҷонишини дигари мактаб, ки он вақтҳо «завуч»-аш мегуфтанд, Обидҷонов буд. Эҳ, одам не, ҷони одам буд ӯ. Донише, ки вай дошт, шояд имрӯз баъзе номзадҳои илми соҳа надошта бошанд. Низоми таълимро ба таври худ идора мекард Обидҷонов. Соҳибэҳтиромиаш аз росткорию боинсофии ӯ буд. Хӯю хислати наку дошт. Рӯйдав набуд. Айби касеро миёни коллектив рӯшод намегуфт. Ба дафтари кориаш даъват мекарду оҳиставу бо тамкини хос чунон мефаҳмонд, ки аз сад танбеҳу ҷазои маъмурӣ зиёдтар таъсир дошт. Уф... Ҷояш ҷаннат бошад.
Аз пеш мошини боркаши пур аз ҳезум меомад. Содиқзода худро як тараф кашид. Мошин чанги кӯчаро ба осмон хезонда ба тарафи рост тоб хӯрда рафт. Хонаи директори нав ҳам дар ҳамин тарафҳост. Ӯ ба коргоҳ рафта бошад? «Нияташ холис нест-чӣ, дар хобам ба зери пойдевори мактаб об мемонд...», – аз дил гузаронид пири рӯзгордида.
Аз дур дар назари Содиқзода манзараи маркази деҳа дигаргуна тофт. Чӣ намерасад? Худоё, куҷоянд дарахтон? Дарахтони сояафкани кастонаву ақоқиё куҷостанд? Зиёии пир асозанон пеш медавид, аммо навори роҳи мумфарш, гӯиё тасмаи тренажёр бошад, ақиб кашида мешуд. Роҳ беохир метофт дар назараш. Э вой, дарахтони ду тарафи роҳро, ки Содиқзода бо мадади ҳамкорому шогирдон шинонида буд, тамоман нобуд кардаанд, бадбахтҳо. Ниҳоли ин дарахтонро худаш аз боғи ботаникӣ бо сад илтимос дастрас карда оварда буд. Ба мисли дигарон чинор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё