Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ними равҳоро чунон устокорона канда бурдааст, ки шайтон ҳайрон мешавад. Худоё, ин ноодамон он қадар ҳилагаранд... То ки дуздиашон фош нашавад, ҳар тахтаи дуюмро бурида гирифтаанд. Аммо фикр накардаанд, ки равҳои боқимонда вазни гаронро бардошта наметавонанд. Солеҳбоевро ҳамон вақт аз вазифа дур карданд, аммо чунонки Содиқзода чашмдор буд, зарари ба моликияти халқу давлат расонидаашро аз кисаи он нобакор наруёниданд ё ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ накашиданд. Баръакс, вай ҳамагӣ баъди ду моҳи бекорӣ бо мадади холабачааш Табаров вазифаи котибии ҷамоати деҳотро соҳиб шуд ва барои «ободгардонии ин ҳиттаи ватани азиз ҷонбозиҳо нишон дод». Бо таку дави ӯву думравони Табаров номи зебову қадимаи Тали Рашт ба «Табаробод» табдил дода шуд. Набераи Табари «дезертир», ки солҳои ҷанг рӯй паноҳ карда буд, ин шабу рӯз ҳамчун соҳибкори муваффақ шинохта шудааст, тез-тез ба «Табаробод» аз боло меҳмон даъват мекунад. Ва ҳатман обу зиёфат аз ҳисоби Солеҳбоев дар бӯстонсарои ӯ дода мешавад, ки бо истифода аз чӯбу тахтаҳои аз мактаб рабудааш сохта шуда буд.

Афсӯс, бояд Содиқзода ҳамон вақт ба раёсати маорифи вилоят неву ба вазорат муроҷиат мекард... Уфф... ҳамон шаб ҳам муаллими нафақахӯр хоби бад дида буд, аммо гумон надошт, ки хоби дидааш беғап нест. Инак, имшаб ҳам мактабро хоб дид. Илоҳо, ҳеҷ гап нашуда бошад.

Омӯзгори пир аз киса соати нуқрагунашро бароварда нигоҳ кард. Ҳоло барвақт аст. Расо баъди ду соат дарс сар мешавад. Шояд дару дарвозаҳои мактаб то ҳол маҳкам ҳам бошанд. Солҳои пеш низ ҳамеша дар ҳамин вақту соат ба коргоҳаш меомад. Меомаду баҳри дилаш кушода мешуд. Абдукарими посбон ҳавливу гирду пеши мактабро кайҳо об зада рӯфтаву аз пайи чойҷӯшонӣ мебуд. Содиқзода баъди салому алайку пурсу поси муқаррарӣ портфелашро ба як кунҷи мизи посбонхона мегузошт ва ба дасти Абдукарим тӯрхалтакро медод, ки ҳамсараш барои

пешина
аз 208
навбатӣ