Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
номус ба шумори меравад! Кош, ту ба фаҳми маънои ин суханҳо мерасидӣ!» — бо оҳанги қаҳр мегуфт Содиқзода. «Хайр, ба он деҳаи касмаёб мактаб созондед, сафи омӯзгорони соҳибмаълумоташро расо кардед, бас будагист зимистону тобистон пойӣ пиёда миёни сангобу Сари Гардан ҷон ба каф гирифтан...» Модари бачаҳо рост мегуфт. Аммо вай чӣ донад, ки барои шавқараш, агарчи вазнин аст, вале рафтуомад дар он роҳи пиёдагард чӣ ҳаловате дорад?! Содиқзода, вақтҳое ки то зонувон почаи шимро бардошта, аз сангоб мегузашт, дар дил сад шукр мекард, ки акнун дар Тали Рашт ба ҷойи мактаби ибтидоӣ таълимгоҳи замонавӣ сохта шуду кӯдакон аз азобе, ки ҳозир директори мактаб мекашад, халос шуданд. Охир, солҳои дароз фарзандони ин деҳа ба мактаби рустои ҳамсоя аз миёни сангобҳо гузаштаву ағбаи Сари Гарданро убур карда меомаданд. Баъди сохта шудани иморати мактаби нав аз ҳисоби оилаи муаллимони ҷавон ва онҳое, ки ба хотири фарзандони мактабхонашон деҳаро тарк карда буданду дубора баргаштанд, Тали Рашт сернуфус гардиду ободтар шуд. Аз ободиҳои деҳ дили Содиқзода пур аз фараҳ мешуд. Дарди тану ҷон дар назараш саҳл метофт. Бинобар ин, мисли он ки гунаҳгор бошад, ба завҷааш паст ҷавоб медод: «Мо — одамони гармиву сардии зиндагиро дида, кӯдак набошем, ки шикоят кунем, модарҷонаш...»
Ба хотири Содиқзода хоби шаб дидааш расид. Гӯйӣ директори нав зери пойдеворҳои бинои таълимгоҳро бо зоғнӯл кофта, об сар медодааст. Ба ин мардум хатои содиркардаи як нафар дарс намешудааст, аз афти ҳол. Директори аввала, сокини ҳамин деҳа Солеҳбоев аз бесарусомониҳои сиёсӣ истифода бурда, зиёда аз ними равҳои бомпӯшро ба яғмо бурда буд. Содиқзода намедонад, ки он ҳаромкор чанд куб тахтаро дуздида бошад, ки шифери мустаҳками мактаб ба вазни на чандон зиёди барфи онсола тоб наёварда, фурӯ рафт. Содиқзода ба раёсати маорифи вилоят арз кард. Тавре ки санҷиш нишон дод, он беинсоф ҳамроҳи посбони мактаб, ки хешбачаи худаш буд, зиёда аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё