Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
пажӯҳиш машғул аст, ҳадя оварда буд. Худо баракати корашро диҳад, гӯиё бо ин туҳфаи арзанда ба қалби хаставу қомати хамидаи устодаш неруе бахшид. Пирамард бардам-бардам асозанон ҷониби мактаб равон шуд. Бинанда чунин мегуморид, ки Содиқзода аз рӯйи ҳавою ҳавас асо ба даст мегирад. Дар асл бардам қадамзаниҳои ӯ фиреби назар аст. Солҳост тарбоду бугумдард азобаш медиҳад. Аммо тарзе вонамуд мекунад, ки танаш ҳаргиз дарде надида бошад. Чӣ интизор буда метавонад, ки ӯ ба мисли дигар сарварони мактаб мошинсаворӣ намекард. Бист соли дароз - зимистону тобистон роҳаш аз миёни сангоб буду талу тепаҳои Сари Гардан. Аз деҳаашон то маркази ҷамоати деҳот, ки имрӯз «Табаробод»-аш мегӯянд, чор километр масофаи пиёдагард аст. Бо роҳи мошингард ин масофа қариб се баробар зиёд мегардад. Барои Содиқзода ин пайроҳаи кӯҳӣ бисёр азиз аст. Хусусан, дар баҳорон аз тамошои манзараҳои канори ин роҳ баҳри дили кас кушода мешавад. Ҳар тараф лолаву ҳолмон, қақраи кабқи ҳиромон... Дар фасли сармо низ гаште дорад ин талу таҳбар. Одатан, баробари кафидани чашми рӯз Содиқзода аз Сари Гардан поён мефуромад. Ҳамин ки офтоби оламоро ба дараи паҳно саховатмандона нур меафканд, сафедии барфи нуқрафом чашмро мегирифт. Дар чунин рӯзҳо нисбат ба рӯзҳои абрӣ ҳаво ба маротиб хунуктар мешуд. Сарвари мактаб ба мисли бачаҳои шӯху шанги яхмолакбоз гиребони палтояшро андаке боло мебардошту рӯйи барф менишаст ва худро ба ихтиёри роҳи нишеб вомегузошт. Баъзан аз завқи дил нидое дармедод: «Ҳай!» Ва дар як лаҳза худро дар лаби сангоб медид. Рӯзҳое, ки барф меборид, ба мактаб чун одами барфӣ омада медаромад: абруву мижгон шӯшабаста, бинии сурхи бунафштоб...
Ва аммо фасли борону обхез азобе, ки мекашид... Мана, натиҷааш, тарбоду бугумдард. Занаш мудом қоҳиш мекард: «Айби худатон. Дар маркази ноҳия як не, чанд мактаби замонавӣ бошаду чӣ дардатон гирифта буд, ки ба Тали Рашт кор рафтед?» «Барои ман Тали Рашт марзи ору

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё