Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ки афтода буд, пирамарддони деҳа дар тараддуди хонадор кардани муаллим шуданд. Мехостанд, ки бо гули духтарони ноҳия оиладор кунанду ба пойбанди деҳаи хеш гардонанд. Охир, дар он замон пойи на ҳар омӯзгори илми олидор ба рустоҳои ноободи он гирду атроф мерасид. Муаллим Саидбеков обрӯйи мактаби мо буд!
— Чаро ба ёдам абошад? Раҳматӣ дар ҷанги Гирмон ҳалок шуда буд.
— Ӯ қаҳрамонона ҳалок шуда буд. Мо, аз як ҷиҳат, барои зинда барнагаштани вай зиқ шуда бошем, аз ҷиҳати дигар, фахр мекардем, ки муаллими мо дар мубориза бар Гирмони фашистӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, шарафи Тоҷикистонро ҳимоят кардааст! Мо номи ӯро дар лавҳи қалбҳо ҷой дода будем гӯиё. Чун бо талаби шогирдон ва ҳамкоронаш мактаб ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбеков гузошта шуд, итминон ҳосил кардем, ки воқеан, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!»
— Гуфтед, ки хоби дидаатон бебало набудааст...
— Таъбири хоби ман чунин шуд, ки... хуллас, ҳатто, қаҳрамонон фаромӯш мешаванд...
— Нафаҳмидам?..
— Чӣ гӯям ба ту... Номи поки муаллими моро бо номи падари соҳибкори маҳаллие иваз кардан хостаанд... Ташаббускорон гуфтаанд, ки писари фалонӣ бинои фатароти мактаби кӯҳнаро обод кард, пас номаш ҳамчун падари соҳибкори муваффақ ба пештоқи мактаб арзанда аст. Ва аммо ному насаби хушку холии кадом як муаллими омада, ки мо падару бобоёнашро намешиносем, имрӯз зебандаи ин даргоҳ нест. Мо қаҳрамонони замони худамонро дорем.
— Аҷаб...
— Кӯтоҳи гап, аз шунидани ин беҳурматӣ нисбат ба ҷонбохтагони Ватан дилам сахт дард кард.
Содиқзода пойафзор пӯшид ва асои пурнақшу нигорашро ба даст гирифту ба кӯча баромад. Воқеан, ин асоро шогирди собиқаш Фаррух, ки дар кишвари Ҷопон ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё