Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамсари пирамард бо ишораи «фаҳмидам» сар ҷунбонд.

— Як аз ҳоли мактаб хабар гирам, мегӯям.

— Аввал чашми рӯз кафад, ношто кунед, — кадбону гуфта-гуфта ба хонаи хоб рафта омад,— Ин марди беқарора бинанд-у... О, вақти рӯйи ҳафт қабат кӯрпача Худову Расул гуфта шиштанатон нест, муаллим? Кайҳо ба нафақа баромадаед, зоғ насиба набардошта, бо сару либоси расмӣ ба мактаб ҳозир шуданатон ба директори нав маъқул мешавад? Шуморо, ки дар мактаб дид, боз даҳони Халтаи ғайбатро калонтар мекушояд. Носазоро ки шунибед, фишоратон баланд мешавад...

— Ман ба мактаб рафта истодаам, ба чойхона не, бинобар ин, бе галстук ба остонаи он ҷо қадам монданам чандон дуруст наменамояд, ин - як; дигаронро механдию даҳони халтаи гапи худат ҳам ҳеҷ баста нашуд, ин - ду. Ман аз ту галстук пурсида будам...

— ... ин - се! — завҷаи Содиқзода гуфтугузорро ба шӯхӣ кашиданӣ шуд, — Марҳамат, муаллим.

— Муаллим, муаллим, — аз ваҷоҳати пирамард маълум буд, ки «муаллим»-гӯйиҳои кампираш ғашашро меоварад, агарчи як умр ӯ ба Содиқзода ҳамин тавр муроҷиат мекард.

— Хоб дидед-чӣ мактаба?

— Бале, хоб дидам, — бо ҷиддият ҷавоб дод пирамард.

— Ҳафтаи гузашта муаллими қаҳрамонамро хоб дидам гуфта хеста будед. Вақтҳои охир тез-тез мактабу муаллимони гузаштаро хоб мебинед...

— Хоби дидаам бебало набудааст. Мактаби деҳаи бобоиямонро дар хотир дорӣ? Нахустин директораш Амиралӣ Саидбековро-чӣ? Ҳо, ҳамон Саидбекови қоматбаланду нозукандоме, ки бо хоҳиши хеш ба ҷанги ҷаҳон рафта буд? Муаллими мо ба маснади директорӣ расида бошад ҳам, то ба аскарӣ рафтанаш на хонаву дар карда буду на зану бача. Шабу рӯзаш дар бинои мактаби навбунёд мегузашт. Мо, тамоми шогирдони наврасаш, дар дил орзуи ба ҳисли ӯ хонда омӯзгор шуданро мепарваридем. Феълу хӯяш ба мардуми Ховалинг мақбул

пешина
аз 208
навбатӣ