Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Яке дар кафи пойҳоям дарди ҷонкоҳеро эҳсос кардам. Ин дарди куҳнаест, ки аз солҳои мактабхонӣ азобам медиҳад. Лекин ягон бор дард ба ин андоза шиддат надошт. Раъшаи ҷонгудоз ба зери зонувонам давид. Бо азобе пойафзорҳои намкашидаву ҷӯробҳои тару тунукро аз пойҳои суп-сурх варамидаам, ки батадрич мисли кунда беҷон мешуданд, кашидам.
Чойник фишшос мезад. Аз роҳрав садои помонии ҳамкорон шунида мешуд.
12.01.2016


«ТАБАРОБОД»

Дили омӯзгори пир, зери таъсири хоби дидааш буд магар, ки аз субҳи солеҳон ғаш меовард. Баъди намози бомдод яктаҳашро бо куртаи сафеди оҳарзадаву утухӯрда ва шиму пиҷаки сиёҳи нимдошт, ки дар гиребон нишони хатмкардаи донишкадаи омӯзгорӣ дошт, иваз кард.

  • Галстуки ҳамранги кастумам куҷо бошад?
  • Дар ин саҳарии барвақт галстук ба чӣ лозиматон шуд?
  • Як сари қадам ба Тали Рашт рафтаниам.
  • Ба «Табаробод» гӯед.
  • Барои ман он русто ҳамеша Тали Рашт буду Тали Рашт мемонад. Ман Табар-пабарро намешиносам.
  • Чӣ кунем, ки номи расмии он ҷо акнун «Табаробод», шумо аҷибед.
  • Ба номи расмии додаашон... астағфуриллоҳ!.. Ба ин макон гузаштагон шояд ҳазор сол ва аз он ҳам пештар ин номро додаанд. Маънои Тали Рашт аз ранги хоки ин талу теппаҳост, ки деҳаро печонида гирифтаанд, яъне, Тали Сурх фаҳмидӣ? Ба табару теша дахле надорад.
пешина
аз 208
навбатӣ