Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
доданде! Албатта, имрӯз аз ту содиқона узр мепурсам, аммо ҳамон рӯз андак бахилиам гирифта буду ба ҳамсояҳо гуфта будам, ки як қарории дари ман беист дар телевизор худнамоӣ мекунад. Магар мову шумо саҳмия нагирифтем? Ман ба дусад сомонӣ Роғунро дастгирӣ кардам!»
«Ҳеҷ гап не, ман кайҳо бахшидаам. Аслан, ман ҳар гапро ба дил намегирам. Он айём гузашту рафт... Дар ҷомадони куҳнаи ман ҳам як даста саҳмия хоб рафтааст, холаҷон. Шукр намекунед, ки шиками мардуми кишвари ҷангзада дар андак вақт сер шуда, ҳатто, барои бунёди нерӯгоҳи азимтарини дунё ба давлат қарз медиҳад! Вомбаргҳоро эҳтиёт кунед, холаҷон, ягон рӯз бо судаш бармегардонанд.»
«Бузак, бузак, намур, ки баҳор мерасад...»
Барф ҳам мегузарад, баҳор ҳам меояд. Ҳамин ки ба тахтапуштамон офтоб расид, шахсан ман ба тарафи ҳамсояҳои қадриношиносамон як сулфаи таҳдоре карда, мегӯям: «Ҳо-ой, ошноҳо, инту тарафҳои мобаям чағ зада бийитон. Балон-малонҳои 5-6-килоии хитоия як сӯнба ҳаво дода монитон акун. Ҳар қадар ки хоҳитон, мана гази табий. Оби Амударё барин истифода бурдан гиритон. Пул-мул лозим не. Соҳибкиронба яктекак саломи ғафсу лафс расонда монитон, бас!» Фаҳмидед, холаҷон. Боз чӣ? Либосатон андак... Наход, ки одам бо як курта як ҳафта гардад? Бояд ҳар рӯз ба тан либоси оҳараш нарехта пӯшеду дар назди кампиракони гузар каттагӣ кунед. Ба хотир дошта бошед, ки шумо кампири одӣ не, кампири Ширмоҳӣ ҳастед-а! Ман нағзиҳои шуморо аз хотир барорам, кӯр мешавам. Охир, ба мани сағираи бекас кам некӣ карда будед? Ҳар бегоҳ як коса дами гарм дароз мекардед, баъди намози бомдод ба примус бароям чой мемондед, ҳар саҳар бо дуои нек ба коргоҳ гуселам мекардед. Ин пулро ҳам гиреду ба фурӯшгоҳи «Элита» сар занед. Матои чинӣ нахаред, ки бесифат аст. Пирию хартозӣ? Эъ, ин чӣ гапи гуфтагиатон? Ба назари ман, дар дунё аз шумо дида бонуи зебо нест! Кадом модар ба чашми фарзанд бенур метобад? Шумо ҳам бароям ба мисли модар ҳастед, холаҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё