Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ҷавонмарди асту тани танҳо бо ёрии як бел дар бехи харсанг чоҳ меканад ва ин лаънатиро осонак ба чоҳ афканда, аз рӯйи замин несту нобуд мекунад. Оҳ, агар чунин кор мешуд... Орзуи ҳазорсолаи занак иҷро мешуд! Дилаш боғ-боғ мешукуфт.
Чӣ-й? Ин мард марди калон не, як мардак асту бас! Ина бинед-а, ҳатто забонат намегардад, ки мардак ном барӣ. Кӯдаки тапа-тайёр. Ана, белро ба сари воти кишти картошка ходаи гӯр барин рост заду худаш мисли бача ба харсанг часпид. Чӣ-й, «катайса» мекунад? Намурӣ! Як по дар лаби гӯр бошию сари Санги лағзонак баройӣ. Не, мардак, аз афти кор, дилу нияти «катайса» кардан надорад. Болои харсанг баҳузур нишастааст, мегӯйӣ, одаму оламро фаромӯш карда.
Мард, воқеан, аз ин айём канда шуда буд. Ба ёд меовард, ки тақрибан чил-чилу панҷ сол пеш, солҳое, ки замини гирду атрофии боғоти Кунҷок қитъаи бригадаи картошкапарварии бонуи ҷоизадору овозадори водӣ Саидпошшо буд, дар ноҳия имрӯза барин кӯдакистонҳои замонавӣ вуҷуд надоштанд. Ҳамин Санги лағзонаки Кунҷок гӯё тарбиятгари кӯдакони бонувони деҳқон буд. Агар чунин гӯяд, ҳамсараш механдад. Хуни нофи вай, ки ин ҷо нарехта бошад, аз куҷо донад, ки мӯйсафед ноҷо гап намезанад. Чи навъ ки мегӯянд, арӯс - пайи хушдоман. Арус ҳам тарафдори хушдоман асту ба гапи хусураш механдад. Шояд вай гумон дорад, ки бар асари асабоният гапи мӯйсафед андак маъно гум кардааст. Не, шукри Эзад, Зокири Хоҷа ақлашро нахӯрдааст ҳанӯз.
Он солҳо ҳар як бригада кӯдакистони сайёри худашро дошт. Зане аз аъзои бригада, одатан, парастори тифлакон мебуд. Ин вазифаро дар бригадаи Саидпошшои номӣ кампири Аён ба уҳда дошт. Кӯдакистон ҳамин мавзеи зардолузори Кунҷок мебуд. Кампири Аён ба зери зардолубуни пир шолҷаеро мегустурд. Модарон худ чанд алвонҷакро ба шоҳҳои бақуввати дарахт овехта, тифлакони ширмасташонро мехобонданду аз пайи кор мешуданд. Аз назари Зокири Хоҷа, кампири Аён ҳамту як доя буду бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё