Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аспи сиёҳи зотӣ-м ту-я,
Ангура хӯрам а боғи ту-я,
Сӯхтияк мурам ба доғи ту-я,
О, ҳандалаҷон, кӯчава буро!
Дигарон сари овози ӯро мегирифтанд:
Ана ёвайло! Мана ёвайло!
Ин ёвайлои духтари Ровон!
Якахон нола мекард:
Дастакатба додиям товак, 16
Меҳри ман худатба метовад,
Кӯчиякойи Ровона ковам,
Бо худат бойина намеёвам.
Ҳезумравон баробар месароянд:
Ана ёвайло! Мана ёвайло!
Ин ёвайлои оҳубарно!

Ҷавони дигар аз ишқи якҷонибааш ҳамаро огаҳ кардан мехоҳад:
Пушти хон(а)и додот ҷӯйи дам,
Даруни дилам пурӣ ғам,
О, ҳарчӣ гӯям, бозам кам,
Дарди дилама ба кӣ гӯям?
Байти умумӣ фазои кӯҳсорро ғулгула меандозад:
Ана ёвайло! Мана ёвайло!
Ёвайло гӯям, дардаком бурод!

Қисмати азалии ошиқон будааст, ки ҳатто, ишқи мувозӣ ҳам аз ҷониби дигаре халалдор мегардидааст:
Осмонанда дидиям палли тарозӣ,
Ҳардумо кардим хандаю бозӣ,
Акояки 17 номардат норозӣ,
Гӯ-гӯён мерам дари додотба!...

«Ёвайло»... Ман айёми кӯдакӣ сабаби «ёвайло» ном гирифтани ин намуд эҷоди шифоҳии ҳамдиёронамро намедонистам. Вале ҳаминаш ба ёдам ҳаст, ки «ёвайло»-ро фақат дар дашту кӯҳу саҳро бо овози фалакрас мехонданд.

16 Товак (лаҳҷавӣ) – ангуштар.
17 Ако (лаҳҷавӣ) - бародари бузург.

пешина
аз 208
навбатӣ