Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Оҳ, айёми беғамиҳои тифлӣ! Ҳоло ту чӣ будани дарду ғамро намедонӣ. Дар назарат оғози дунё он рӯзест, ки ту рӯйи олам дидай. Не, не, балки зиндагӣ аз он дам сарчашма мегирад, ки ту худро шинохтӣ, комилан не, ҳамту вуҷуд доштани худро ёд дорӣ. Пас, ман худро кай шинохтам?

Оё ман чанд сол доштам, ки... Рӯзе, ки ба хонаи мо ҳезумравон омаданд? Шояд фасли поиз буд? Бале, поиз буд, чунки одатан тирамоҳон ҷавонмардони деҳа ба кӯҳ ҳезумкашӣ мерафтанд. Соҳибхона барояшон обу нони тайёр медод. Ҷавонони деҳ як рӯз пеш галахару аробаҳоро омода сохта, нимишабӣ ҷониби кӯҳ роҳ пеш мегирифтанд. Онҳо то баромадгоҳи деҳа дам намезаданд, хуфтагонро нороҳат намекарданд. Ҳамин ки ба кӯҳ наздик мерасиданд, яке овоз сар медод:
И шав шавакойи торикӣ, Да танат дидам курт(а)и борикӣ.12 Оҳубарно, иқаям нозукӣ, Байтата гӯш дор, байтдор ойим.
Дигарон ҳамовоз мешуданд:
Ана ёвайло!13 Мана ёвайло!
О, ин ёвайлои меладароз!14 Сипас, дуюмӣ байте мегуфт:
Да пушти хон(а)и додот15 як бех сев, Пушту паллиякат мелазев, Ёри хушкардагит ҳарчизев, Аловат баланд, кулул(а)и тилло.
Ва боз ҳамовозӣ мекарданд:
Ана ёвайло! Мана ёвайло!
Ёвайло гӯям, тағи дар буро.
Сеюмӣ бадард нола мекард:

11 Тирамоҳ— фасли хазонрезӣ, аввали мизон, поиз.
12 Борикӣ— порчаи ҳарирест, ки аз он пираҳан дӯзанд.
13 Яъне, вовайло, воҳасрато; номи таронаи фалакии мардуми ноҳияи Сӯҳи вилояти Фарғона.
14 Мела дар шеваи Сӯҳ ба маънои мӯйҳои бофтаи бонувон.
15 Додо (лақабӣ) – падар.

пешина
аз 208
навбатӣ