Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
савдо мекарданд. Аксари хариду фурӯши онҳо ба таври моливазкунӣ сурат мегирифт. Ба ивази парвезану ширполо, сабаду корсонҳои чӯбин ғӯлингу тутмавиз, олучақоқ, санчид, чаккаву маска меоварданд. Ҳамеша Нозук-чӯгӣ бо хӯрчини пурбор бармегашт, чунки дар баробари савдо вай фолбиниву табибӣ ҳам мекард. Қорафтодагон гоҳо аз паси ӯ кӯча ба кӯчаву деҳ ба деҳ мегаштанд.
– Халқи қишлоқа бо фиребу найранг ғорат мекунӣ-а, Нозук? – гоҳо кадхудо шӯҳикунон гап медод.
– Не, акоҷон, ман феъли чашмгуруснагӣ надорам. Бовар кунед, ба додаашон қаноат мекунам. Аслан, ман онҳоро не, онҳо маро пайгирона мекобанд.
– Дар ин солу замона, ки духтарони касбӣ ҳама ба фронт рафтаанд, рӯзи мардуми бечора ба ту барин «табиб» монд.
– Ако, мана наранҷонед. Нашавад, ки рӯзатон ба ман монад. Дасти ман эмӣ. Ман дасти пир гирифтаам.
– Пири ту, мабодо, Луқмони Ҳаким набуд?
– Масхара накунед, акоҷон. Пири ман хусуркалонам буд. Ӯро Табиби ҳиндӣ мегуфтанд.
– Ана галу...
Рӯзи дигар, аз қазо, дарди куҳнаи тарбод хуруҷ кардӣ Мулло Ҷалол дар рӯйи бистар ночунбон шуд. Нозук-чӯгӣ дасту остин барзад.
– Эҳ, чӯгӣ-е, дуои бад кардӣ-чӣ, шабе нагузашта, аз пой афтодам,– шӯхиомез мегуфт бемор.
– Пештар дуои мо дар ҷил рӯз мегирифт, ҳозир ба ҷил дақиқа намекашад. Минбаъд гапатона дониста занед, саркор,– ҳамчунон шӯхиомез ҷавоб медод Нозук.
Баъд аз се рӯз бригадир ба по хест ва ҳамаро ба порукашонӣ баровард.
Нозук-чӯгӣ дар Сӯх чандин шогирд тарбият кардааст. Сабадбофу фолбин нестанд шогирдони ӯ. Табибанд. Табиби мардумианд онҳо. Ту аз гулафшон ном беморӣ ҳич шунидай? Духтарон гулафшонро захми пӯст меҳисобанд. Аммо Нозук онро дарди устухон мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё