Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ғамам нате, хуварҷон96. Ҳозир худам ба фолбине зор. Касе ёфт намешавад, ки мададам кунад. Ман-ку як умр ҳоҷати мардума мебарорам.

— Чӣ дармондагие дорӣ, Нозук-хола?

— Дар ин гирду атроф нафаре, ки урусия донад, тухми анқост, ё урусе, ки зувони моя донад, нопайдост...

— Ин хел ҳам набудагист-е. Мана, ман кам-кам лафзи урусоя медонам. Шояд мадад кунам.

Ман зуд аз ҷайбакам мактуби сегӯшаи Арбобҷонама буровардам. Лекин медсестра аз ман дида ҷӯгитар буромад. Пеш аз хондани мактуб як қошуқдони хушбофта хизматона гирифт...

Бечораи Нозук ҳамон хати аввалину охиринро тӯморвор дар латтапорае дӯхта, ба гарданаш овехта мегардад, чунки аз мурда ё зинда будани Арбобҷонаш хабаре наомад.

Аз афти кор, Нозуки мо фронт гуфта, як деҳа ё шаҳри ҷангзадаро тасаввур мекард. Гумон дошт, ки дар фронт ҳама аскарбачаҳо ҳамдигарро мешиносанд. Бинобар ин, чандҳо сол, ҳатто, баъди анҷоми ҷанги хонумонсӯз ҳам дар ҷустуҷӯйи аскари баргаштае аз як деҳа ба деҳаи дигар мерафт. Он мактуби гиҷимшудаи Арбобҷонашро садҳо маротиба мехононд, ҳар дафъа ба хонандаи мактуб чизе ҳадя мекард: дастпонае, шаддаи шабае, гӯшворе, сабаде, лабчанге... Хел-хел хизматона медод ӯ, вале мактуб якто буд, табиист, ки ҳар бор вай чизеро мешунид, ки дафъаҳои пеш шунида буд. Лекин дар кори колхоз девкор буд ҷӯгизанаки мо. Тамоми ҳамқавмонаш гапи ӯро мегирифтанд, аз ин рӯ, ба звенои ҷӯгиён Нозукро сардор монданд. Бо тоҷикон баҳс ба баҳсу орият ба орият каланд мезаданд онҳо. Аз тарафи ягон узви звено мабодо норасоие сар занад, қаҳри Нозук боло мегирифт. «Индак варс!»97 гуфта, гунаҳкорро ба гӯшае мебурду хуб сахтгапӣ мекард. Ҳам раис ва ҳам бригадир аз ҳамкории ҷӯгиён қаноатманд буданд. Лекин онҳо дар тарбияи фарзандон мисли ҳамеша

96 Хувар (лаҳҷаи ҷӯгиён) – хоҳар.
97 Индак варс (аз шеваи лӯлиён) – Ин ҷо биё.

пешина
аз 208
навбатӣ