Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
командири далери расчёти миномётчиҳо ном бароварда буд. Вай ба ҳайати расчёташ аз рӯи тартиботи ҳарбӣ ӯҳдабароёна роҳбарӣ мекард. Бешубҳа, дар ин боб касби муаллимӣ, ки шуғли тоҷангии ӯ буд, мадад мерасонд. Вай рӯҳияю хислати ҳар як аскари расчёташро хуб медонист ва ҳангоми додани супоришҳо ба инобат мегирифт. Дар озод намудани Эстония худи Тараев диловарона ҷангидааст. Дар ин боб дар варақаи мукофоти ӯ чунин навишта шудааст: «22—29 июни соли 1944 ҳангоми рахнаи мудофиаи финҳо дар маҳалли кӯли Костиллан — Ярва ва дар рафти гузаштан аз он расчёти миномёти сержант Тараев ба нуқтаҳои оташфишонии душман моҳирона оташ мекушод. Оташи миномёти ӯ 24 солдати немисро ҳалок гардонда, се нуқтаи оташфишонӣ ва як тӯпи зиддитанкии душманро аз кор баровард.
Тараев С. С. ба мукофоти ҳукуматӣ шоиста аст. Командири полки 340-уми тирандозӣ, подполковник Зимин 1.
Бо фармони армияи 21-ум зери рақами 189-Н аз 11 июли соли 1944 Тараев Сергей Степанович бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз мешавад.
Наздик расидани ғалаба дар саросари фронтҳо ба куллӣ эҳсос карда мешуд. Ҳар як сарбози советӣ аз ғояти ҳаяҷону хурсандӣ мехост дар ин ғалабаи бузург ҳиссаи арзандае гузорад. Он рӯзҳо ин марди далеру шуҷоъ дар ҳайати фронти 2-юми Белоруссия корномаҳои нав нишон медод. Дар ин бобат тавсияномаи фармондеҳи полки 40-ми тирандозӣ подполковник Зимин қобили таваҷҷӯҳ аст: «Сержанти калон, командири тӯпи батареяи тӯпҳои 120-миллиметраи полки 340-уми тирандозии дивизияи 46-уми тирандозӣ коммунист Та-
1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 3164, в. 21. 41.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё