Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

намуд. Сергей баъди супурдани имтиҳоноти давлатии соҳиби рутбаи сержантӣ гашта, командири тӯпи батареяи миномётҳои 120-миллиметра таъин гардид ва роҳи фронтро пеш гирифт.

Бояд гуфт, ки роҳи пуршарафи ҷангии ин сарбози шуҷоъ бештар ба ҳифзи гаҳвораи инқилоб — шаҳри Ленинград алоқаманд аст. Тараев шахсан беш аз 900 шабонарӯз шаҳри Ленинро аз ҳуҷумҳои пайдарҳаму пуршиддати фашистон муҳофизат намудааст. «Ман,— навиштааст ӯ дар хотираҳояш,— гувоҳи зиндаи ҳамлаи девонавори фашистон ба шаҳри Ленини муаззам будам. Гитлер зарбаи асосиро ба ин самт нигаронда буд.
Гулдурроси аслиҳаи ҷангӣ, виҷҷоси тири туфанг, садои раъдмонандӣ воситаҳои ҳавоии немис шаҳрро дақиқае ором намегузоштанд. Фашистон гаҳвораи революсияи русро ба муҳосира гирифта буданд.

То ҳол ман аз иродаи матини ленинградҳо моту мабҳутам. Гитлерчиён аҳолии шаҳрро аз обу озуқа маҳрум карда буданд. Обҳо заҳролуд буданд, озуқа намерасид. Бо вуҷуди он сокинони Ленинград рӯҳафтода нашуда, ба ин маҳрумиятҳо тоб оварданд. Онҳо дар муҳорибаҳои шадид бебокона меҷангиданд. Ин ҳама моро илҳом мебахшид»1.

Таърих низ гувоҳ аст, ки халқи қаҳрамоншаҳри Ленинград дар торумори фашизм ҳиссаи арзанда дорад.
Маҳз ёрии амалии аҳолии маҳаллӣ буд, ки ҷанговарони советӣ тавонистанд муҳосираи пурдаҳшати шаҳрро раҳна созанд. Чи тавре ки маълум аст, танҳо моҳи январи соли 1944 қӯшунҳои Фронти Ленинграду Волхов иҳотаи фашистонро бартараф намуда, ба ҳуҷуми қатъии ҷавобӣ гузаштанд. Қобили қайд аст, ки Тараев Сергей Степанович дар ҳифзи Ленинград хизмати шо-

1 Архивни марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1744, р.
1, д. 11.

пешина
аз 139
навбатӣ