Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳайрона халос шуд. Дар ин ҳолат худ сахт маҷрӯҳ шуда бошад ҳам ду нафар разведкачии сахт ярадоршударо аз майдони ҷанг берун овард.

Павленко ба гирифтани ордени Шараф, дараҷаи II сазовор аст.

Фармондеҳи полки 62-юми савораи гвардия Маркарян» 1. 7 декабри соли 1744 бо фармони рақами 385-ум фронти якуми Белоруссия Павленко Михаил Павловичро бо ордени Шараф дараҷаи II қадр гардонд. Бояд гуфт, ки Павленко қабл аз ин, 14 майи соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида шуда буд.

Дар ҳуҷҷати мукофоти Павленко, ки командири полки 58-уми савораи гвардияи ордени Байрақи Сурхдори Томотувский, полковники гвардия Пахаревский навиштааст, сатрҳои зерин сабт ёфтаанд: «Старшинаи гвардия, командири взводи разведкачиён Павленко Михаил Павлович дар амалиётҳои ҷангии аз 20 то 29-уми апрели соли 1945 худро чун разведкачии далер ва шуҷоъ нишон дод. Павленко бо гурӯҳи разведкачиён ба ақибгоҳи душман роҳ ёфта, вазифаи дар наздаш гузошташударо бошарафона иҷро кард. Павленко ба командир дар бораи душман маълумотҳои аниқ расонд. Маълумоти вай барои қарори дуруст қабул кардани командир ёрӣ расонд.

Дар натиҷа полк каналҳои Гонрцалер, Орансибург ва шаҳрчаҳои Запад-Хаузен ва Орансибургро ишғол намуд. Дар чунин лаҳза Павленко бо гурӯҳи ҷанговаронаш дар ақибгоҳи душман 35 солдату офицери фашистро несту нобуд карда, сафи гитлерчиёнро ба таҳлука андохт2.

1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686046, д. 169, в. 101.

2 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686046, д. 175. в. 208.

пешина
аз 139
навбатӣ