Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фашистонро оташ зад ва барои ин корнамоияш бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда шуд.

Барои мардоналигию ҷасораташ дар ҷанги зидди фашистони истилогар бо фармони фронти 1-уми Белоруссия аз 27-уми сентябри соли 1944 бо ордени «Байраки Сурх» тақдир карда мешавад1.

Павленко Михаил Павлович дар матонату ҷасорат дар байни тобеони худ намунаи ибрат буд. Ӯро дар полки 62-юми савора чун разведкачии кордидаю нотарс хуб мешинохтанд. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои архив оид ба ҷонбозиҳои беамсоли ӯ чунин қайд шудааст: «Павленко Михаил Павлович, командири взводи разведкаи полки 62-юми савораи гвардияи дивизияи 16-уми савораи ордени «Байраки Сурх» ва ордени Суворовдори Чернигов 12 августи соли 1944 дар давоми ҷангҳои мудофиавии полк дар соҳилҳои дарёи Висла худро чун яке аз сардорони диловару ҷасури гурӯҳҳои разведка нишон дода, зиёда аз 30 маротиба зери оташфишонии душман аз дарёи Висла гузашта худ бевосита дар амалиёти дастгир намудани асирони фашистӣ иштирок кард.

Моҳи август ӯ шахсан ефрейтори немисро асир гирифт, разведкачиёни дигаре, ки зери итоати ӯ буданд, обер-ефрейтори фашистро дастгир намуданд.

Дар корҳои разведкаи охирин низ Павленко ҷасорат нишон дода, се маротиба аз байни минаҳои фашистӣ гузашта, аз майдони ҷанг чандин разведкачиёни сахт маҷрӯҳгаштаро ба пункти тиббӣ расонд.

«Шаби 18 октябри соли 1944 Павленко ба гурӯҳи разведкачиён сардорӣ намуда, дар масофаи 5-10 метр дуртар аз хандақҳои душман аз иҳотаи фашистон мо-

1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 1491, в. 103, 145.

пешина
аз 139
навбатӣ