Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Барои чунин қаҳрамонӣ Павленко Михаил Павлович бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 31-ми май соли 1945 ба ордени Шараф дараҷаи I сазовор гашт. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда Михаил Павлович дар давоми фаъолияти ҷангиаш ҳамроҳи ҷанговаронаш беш аз 116 нафар «забон» дастгир карда, даҳҳо фашистро ба ҷаҳаннам фиристодааст.

Пас аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарзанди арзандаи Ватан Павленко Михаил Павлович ба Ленинобод назди хешу ақрабо, ҳамкорону рафиқонаш бармегардад. Вале саломатии Михаил Павлович чандон хуб набуд. Бинобар ин духтурҳо ба вай маслиҳат доданд, ки ҷои истиқоматашро дигар кунад. Ҳамин тавр, Павленко Михаил Павлович бо аҳли оилааш ба Республикаи Автономии Кабардину Балқар кӯчида меравад. Аз ҳамин сабаб то ҳол хонандагони тоҷик аз ҳаёти ҷангию меҳнатии ин марди шуҷоъ — дорандаи се дараҷаи ордени Шараф Павленко Михаил Павлович бехабар монда буданд.

Хушбахтона, баъди пурсуҷӯи зиёд аз номи фарзанди Павленко — Юрий Михайлович Павложен мактуби ҷавобӣ омад. Юрий Михайлович дар номааш қайд намудааст, ки падараш Михаил Павлович 17 октябри соли 1980 пас аз касалии вазнини дуру дароз дар шаҳри Прохладный, Республики Автономии Кабардину Балқар аз дунё чашм пӯшид1.

Юрий Михайлович дар номааш бо эҳтирос менависад, ки падараш аз рӯзҳои аввали баъди ҷанг дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Прохладный садоқатмандона кор кард. Хизматҳои баъдиҷангии Михаил Павлович Павленко бо Грамотаи Фахрии Президи-

1 Архивни давлатии марказии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 1 д. 48.

пешина
аз 139
навбатӣ