Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Павленко дар ҳайати Фронти ғарбию ҷанубӣ бо фашистони лаину ғаддор қаҳрамонона меҷангад. Аз моҳи августи соли 1943 то охири ҷанг бошад дар ҳайати фронти 1-уми Белоруссия ҷангидааст. Ӯ аз ибтидо то интиҳои ҷанг бар зидди фашистон қаҳрамонона ҷангид. Михаил Павлович ҳамчун ватандӯсти ҳақиқӣ тайёр буд ҷонашро дар роҳи ҳифзи Ватан фидо намояд. Партия ва ҳукумат хизматҳои ҷангии ӯро ба назар гирифта, бо чаҳор ордени ҳукуматӣ сарфароз гардондаанд.
Михаил Павлович 27 сентябри соли 1944 бо фармони рақами 282-и фармондеҳи фронти 1-уми Белоруссия бо ордени «Байрақи Сурх» қадр карда мешавад. Дар ин бора дар ҳуҷҷати Архиви Вазорати Мудофиаи СССР сатрҳои зерин сабт ёфтаанд: «Дар он тарафи дарёи Висла, дар хати пеши мудофиаи полки 62-юми савораи гвардия, подразделенияи номаълуми немис қарор гирифта буд.
Ҳайати фармондеҳии дивизия дар назди полк вазифа гузошт, ки «забон» ба даст оварда, подразделенияи дар хати мудофиаи полк қарор гирифтаи душманро муайян намояд. Амалиёти чандинрӯзаи разведкачиёни мо натиҷае набахшид. Он гоҳ командири полк ихтиёриёнро даъват намуд. Командири гурӯҳи ихтиёриёни диловар Павленко дар ҳайати сержантҳо Борков, Байгазин, Шульга супориш гирифт, ки аз дарёи Висла гузашта, аз маҳалли мудофиаи душман «забон» ба даст дарорад.
Гурӯҳи ихтиёриён бо сардории Павленко 18 августи соли 1944 расо соати 2 паи иҷрои супориш шуда, бо кумаки моҳигирӣ дарёро гузаштанд ва ҷанубтар дар маҳалли Пшевоз-Нове фаромада, қайкро дар соҳили муқобил, дар самти қисми ғарбии Кемса-Беланьск бастанд. Разведкачиён ба гуфтугузори фашистон гӯш дода, ба ҷустуҷӯи хандаки душман афтоданд. Дар маҳалли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё