Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Ин ҷо Ватани хуррами
соҳибшарафон аст,
Соҳибшараф он кас, ки паи ҳифзи
Ватан хест!».

ПАВЛЕНКО
Михаил Павлович
(1910—1980)

Аз мобайни ҳуҷҷатҳои архив варақаи мукофоти Павленко Михаил Павловичро ёфтем. Дар ин ҳуҷҷат сабт ёфтааст, ки ӯ аз шаҳри Леринободи РСС Тоҷикистон ба сафи Армияи Сурх даъват шудааст.

Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Охир, сафи қаҳрамонон афзуд. Ин ҳол моро водор намуд, ки бо ҳаёти ҷангии ӯ батафсилтар шинос шавем.

Михаил Павлович дар кишвари Ставрополь соли 1910 таваллуд ёфтааст. Бо тақозои замон соли 1940 ба шаҳри Леринобод кӯчида меояд ва ҳамроҳи ҳамсараш Анна Ивановна дар заводи нони шаҳри Леринобод ҳамчун нонпаз кор мекунад. 5-уми июли соли 1941 Павленкоро ба сафи Армияи Сурх даъват мекунанд. Дере нагузашта ӯ дар ҳайати Фронти Сталинград ба ҷанги зидди фашистон медарояд.

Аз 27 феврали соли 1942 то моҳи августи соли 1943

пешина
аз 139
навбатӣ