Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

номаи муфассалу ташаккуромезе расид¹. Дар нома ҳуҷҷатҳои замони ҷанг, хотираҳо, расм ва тарҷумаи ҳоли ӯ низ буданд. Ин ҳама ба мо имкон доданд, ки аз ҳаёти ҷангию меҳнатии баъдиҷангии ӯ пурра воқиф шавем.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳо аён шуд, ки ӯ дар арафаи саршавии ҷанги зидди фашизми гитлерӣ 17-сола будааст. Ҳамроҳи падараш дар кони маъдани Адрасмон кор мекардааст. Дар ҳамон ҷо ӯро ба сафи комсомоли ленинӣ қабул мекунанд.

Он рӯзҳо тамоми вуҷуди ҷавони ӯро ҳисси интиком аз фашизм фаро гирифта буд. Ҳар рӯз аз рӯзномаю маҷаллаҳо корнамоиҳои ин ё он сарбози советиро хонда ба ваҷд меомад.

Ниҳоят, пас аз хоҳишҳои паёпай, дар рӯзи таваллудаш, 8 августи соли 1942, ба хизмату мудофиаи Ватан даъват мешавад. Волидайни меҳрубон, ҳамкорому ҳамдиёрон ӯро гуселонида истода ба шуҷоату далерӣ талкину ҳидоят мекарданд.

Ӯ аввал дар Фронти марказӣ, сонитар дар муҳорибаҳои шадиди Фронти дуюми назди Балтик ва Фронти якуми Белоруссия ҷангид.

Аввалҳо пулемётчӣ ва баъд снайпер шуд. Дар андак муддат тирандози моҳир гардид.

Моҳи июни соли 1944 дар шӯъбаи сиёсии дивизияи 134-уми ордени Ленин, Суворов ва Байраки Сурхдори тирандозии Берлин ӯро, ҳамчун ҷанговари далеру шуҷоъ, ба сафи партияи Ленин қабул карданд. Ин ҳама барои хизматҳои шоистаи ҷангӣ буд. Билети партиявиро гирифта истода қасам ёд кард, ки дар торумор намудани фашизм ва ҳимояи Ватани маҳбуб ҷонашро дареғ нахоҳад дошт.

¹ Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1961, р. 2, д. 42-45.

пешина
аз 139
навбатӣ