Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Нищев Иосиф Ильич ба ваъдаи хеш вафо кард. Аз байн як моҳ нагузашта варақаи ҷангии қисм интишор гашт, ки дар он сатрҳои зайл сабт гардида буданд: «Снайперони шуҷои мо торафт гитлерчиёни лаъинро ба сӯи Ғарб таъқиб намуда, онҳоро несту нобуд месозанд. Адади тирҳои ба ҳадаф расидаи мерганҳои мо торафт меафзояд. Снайперони беҳтарини мо — ефрейтор И. Зайцев 53 нафар, сержант И. Нищев 52 нафар гитлерчиро нобуд карданд».
Ҳуҷҷатҳои архив аз фидокориҳои ӯ далолат мекунанд. Дар яке аз варақаҳои мукофоти ӯ, ки аз тарафи командири полки 515-уми тирандозӣ, майори гвардия Пономарчук пур карда шудааст, сатрҳои зер сабт гардидаанд: «22 июли соли 1944 сержанти хурд Нищев дар ҷангҳои озод кардани деҳаи Дрисшуви уезди Холми губернияи Люблино яке аз аввалинҳо шуда ба ҳуҷум гузашт ва ба мавқеи душман — он сӯи Балтик зада даромад. Ҷанговарони советӣ аз ташаббуси Нищев рӯҳбаланд гашта, ба ҳуҷум гузаштанд. Супориши ҷангӣ иҷро гардид. Дар ин муҳорибаҳо Нищев шахсан 5 фашистро ба ҳалокат расонд»¹.
Ҳамин тариқ, Нищев Иосиф Ильич барои шуҷоат нишон доданаш бо фармони дивизияи 134-уми тирандозӣ зери рақами 036 аз 27 июли соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда шуд.
Баҳори соли 1945, ҳангоме ки қӯшунҳои мо душманро аз Висла то Одер таъқибкунон пеш мерафт, ӯ акнун котиби ташкилоти партиявии қисми худ буд ва мебоист ҳама вақт ва дар ҳар шароит намунаи ибрат бошад.
Ӯ дар озод намудани соҳилҳои дарёи Висла ва Одер
¹ Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 1152, в. 114, 130.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё