Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мо роҳи Адрасонро пеш гирифтем. Аввал ба идораи Совети посёлка даромада, мақсади омаданамонро ба раиси Совети посёлка баён намудем. Раис муддате фикр карда гуфт:

— Ҳоло ин гуна шахс дар посёлка зиндагӣ намекунад. — Ин шахсро шояд Ҳоҷимат Турсунов, ки солҳои ҷанг раиси Совети посёлка буд, хубтар донад.

Мувофиқи маслиҳати ӯ ҳамроҳи котиби Совети посёлка роҳи даҳани Қарамазорро, ки Ҳоҷимат-бобо он ҷо зиндагӣ мекардааст, пеш гирифтем.

Деҳани Қарамазор ободу зебо, дилрабо ва хушбоду ҳавое будааст.

Мошинро дар назди иморати зебою барҳаво қарор дода фаромадем. Моро ба меҳмонхона таклиф карданд. Дар меҳмонхона моро мӯйсафеди тақрибан 90-солаи баландкомати нуронӣ истиқбол карда «Хуш омадед» гуфт. Дар як он дастархон паҳн карда, нозу неъмат оварданд. Мӯйсафеди хушчакҷаке будааст Ҳоҷимат-бобо. Бисёр нақлҳои аҷоиб кард.

Дар поёни сӯҳбат мо аз ӯ пурсидем, ки оё ӯ Нищев Иосиф Ильич гуфтани шахсро медонад ва дар бораи вай чизе гуфта метавонад.

— Оре, дар солҳои аввали ҷанг дар посёлка ҳамроҳи модараш Екатерина Яковлевна зиндагӣ мекард. Ёд дорам, ҷавони ҳалиму дидадарое буд. Модараш Екатерина Яковлевна зани пурдону меҳнатдӯст буд, дар корҳои Совети посёлка ҳамеша ёрии амалӣ мерасонд. Мо бо Ҳоҷимат-бобо хайрухуш намудем.

Пас аз ин мо ба Саруправленияи кадрҳои Вазорати Мудофиаи СССР мактуб навишта хоҳиш намудем, ки барои пайдо кардани Нищев Иосиф Ильич ба мо кӯмак кунад. Дере нагузашта ба номаи мо ҷавоб омад: дар он ҷои истиқомату кораш пурра навишта шуда буд.

Баъди чанд вақт ба мактуби мо аз номи худи қаҳрамон

пешина
аз 139
навбатӣ