Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Агар душман кунун паймоншикан
шуд,
Бибояд зидди ӯ дандоншикан шуд».
НИЩЕВ
Иосиф Ильич
(1924)
Иосиф Ильич аз зумраи он дорандагони се дараҷаи ордени Шараф — фиристодагони Тоҷикистон аст, ки фаъолияти ҷангию меҳнатии ӯ ба халқи тоҷик то рӯзҳои наздик чандон маълум набуд. Тобистони соли 1983 ҳангоми кофтукови ҳуҷҷатҳо дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР варақаи мукофоти ӯро пайдо кардем.
Дар он зикр шуда буд, ки Нищев Иосиф Ильич аз комиссариати ҳарбии райони Ашти вилояти Ленинобод ба сафи армия даъват шудааст.
Ин ҳуҷҷати тоза моро ба ҷустуҷӯи фаъолияти ҷангии ӯ водор кард ва баъзе ҳуҷҷатҳои ҷангии ӯ дастрас шуд.
Пас аз командировка мо қарор додем ба посёлкаи Адрасмон, ки пеш аз ҷанг ӯ он ҷо умр ба сар бурда, коркуни маъдан кор кардааст, рафта аз ҳаёти баъдиҷангии ӯ огоҳ шавем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё