Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ловаронаи Берлин бо мукофотҳои гуногуни ҳукуматӣ сарфароз гардидаанд. Абдулло Мӯсоев диловар низ барои дар штурми Берлин ҷасорату матонат нишон доданаш бо медали «Барои штурми Берлин» тақдир карда мешавад.
Ҳамин тариқ, тоҷикписар Абдулло Мӯсоев ҷангро музаффарона ба анҷом расонда, сазовори чандин мукофотҳои ҳукуматӣ мегардад.
Қаҳрамонписари тоҷик, фиристодаи мардуми Хатлон Абдулло Мӯсоев дар хотираҳояш, ки дар Архиви марказии республика махфуз аст, чунин менависад: «Франфурти назди Одер буд. Душман хати мудофиаи хешро устувор мекард. Қӯшунҳои мо бошанд пайваста ба ҳуҷум мегузаштанд. Дар яке аз муҳорибаҳо взводе, ки отделенияи ман низ ба ҳайати он дохил мешуд, душманро таъқибкунон аз қисми худ ҷудо шуда монд. Торикии шаб ҳам фаро расид. Мо дар ҷангале паноҳ бурдем. Дар чор самт посбон гузошта то рӯз мунтазир шудем. Басо хастаю бемадор гашта будем, вале хобидан хавфнок буд. Ноилоҷ қадам зада атрофро назора мекардем. Аз дур садои тирпарронӣ меомад. Ман аз дарахт ба дарахте гузашта, ба роҳи калони мумфарш расида мондам... Ин дам садои мотоциклҳо ба гӯшам расид, худро паси дарахти азиме панаҳ кардам. Оре, мотоциклҳо, аз паси он мошини сабукрави «Мерседес» намудор гашт...
Дар ин бора ба командири взвод хабар расондам ва худ бо ду нафар пулемётчӣ баргаштани «сайд»-ро интизор шудам...
Субҳ медамид. Дере нагузашта «Мерседес» намудор гашт. Таъхир набояд кард, — аз дил гузарондам. Ва гранатаро сӯи мошин ҳаво дода, худ ба замин хобидам...
...Сар бардошта бинам «Мерседес» оташ гирифта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё