Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
чанд тан фашист парӯ хобидаанд. Ин дам фашисте лан-гон-лангон худро ба даруни ҷангал зад...
Ҳамон замон аз паяш афтодам. Ӯ лангон-лангон да-рахтонро дошта қадам мезад. Ин дам аз пеши фашист ногаҳон баромада «даст бардор», — гӯён амр кардам.
...Асир генерали немис, фармондеҳи дивизияи фа-шистӣ будааст...»1.
Шуҷоати ҷангии Абдулло Мӯсоев дар муҳорибаҳои зидди фашизм бо се дараҷаи ордени Шараф, медали «Барои шуҷоат» ва дигар мукофотҳои ҷангӣ тақдир карда шудааст.
Ҳарчанд соли 1945 ҷанг ба итмом расида бошад ҳам, Мӯсоев то соли 1947 хизматро дар сафи Армияи Сове-тӣ давом дода, пас ба зодгоҳаш баргашт.
Ҳамдиёрон, хешу таборон ӯро бо шодию хурсандӣ истиқбол карданд. Абдулло Мӯсоев дар вилояти Кӯ-лоб ягона ҷанговарест, ки ба се дараҷаи ордени Шараф сазовор гаштааст.
Пас аз адои хизмати Ватан Абдулло Мӯсоев ба фаъ-олияти меҳнатӣ мепардозад. Ӯ то соли 1951 дар мак-таби ба номи Лоҳутӣ муаллими таълими ҳарбӣ шуда кор мекунад. Аз соли 1952 ин ҷониб корманди соҳаи савдо мебошад. Дар ин муддат ӯ дар вазифаҳои фу-рӯшанда, мудири магазин, инструктор-ревизор, дирек-тори ресторани «Марҳабо»-и шаҳри Кӯлоб кор кардааст.
Абдулло Мӯсоев дар ҷодаи меҳнат низ худро чун шахси поктинату меҳнатдӯст нишон дод. Соли 1952 ӯ ба сафи партия дохил шуд. Чандин бор депутати Со-вети қишлоқ интихоб гардид. Вай ветерани меҳнат ва борҳо ғолиби мусобиқаи социалистӣ гардидааст.
1 Архиваи марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 2, д. 41.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё