Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мандири полки 515 тирандозӣ, полковники гвардия Пономарчук бо ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонда мешавад.

Дар ҳақиқат муҳорибаҳои озод кардани сарзамини Польша ва ишғол кардани Берлин муҳорибаҳои хеле шадид буданд. Ҳарчанд заволи Германия наздик расида бошад ҳам, фашистон девонавор муқобилат мекарданд.
Рахна намудани хати мудофиаи душман дар дарёи Одер барои қӯшунҳои советӣ санҷиши ҷиддӣ буд.

«Роҳбарияти фашистӣ барои мустаҳкам намудани хати мудофиаи дарёҳои Одер ва Нейсе чораҳои зиёде дида буданд. 20 апрели соли 1945 қӯшунҳои советӣ дар самти Штетин ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо ҳудуди Ост-Одер ва Вест-Одерро аз фашистон озод намуда, қарибиҳои бегоҳии 25-уми апрел ба хати асосии мудофиаи душман рахна заданд»1.

Абдулло Мӯсоев дар муҳорибаҳои ишғол намудани Берлин низ фаъолона иштирок карда, мардона ҷангидааст.

Фашистон ҳалокати хешро ҳис карда, девонавор ба ҳуҷум мегузаштанд. Дар ин бобат чунин қайд шудааст:
«...фашистон дар атрофи Берлин тамоми қувваҳои худро ҷамъ оварда буданд. Дар ин ҷо қариб 1 миллион армия, 10000 тӯп ва миномёт, 1500 танк, 330 самолёти ҳарбӣ гирд оварда шуда буд. Ставкаи Сарфармондеҳи Олии Советӣ низ душвориҳои штурми Берлинро ба инобат гирифта, ба самти Берлин 2,5 миллион қӯшун, 42000 тӯпу миномёт, 6,2 ҳазор танк ва артиллерияи худгард, 8300 самолёти ҳарбӣ равона карда буд»2.

Қӯшунҳои советӣ бар душмани ғоратгар бартарии
калон доштанд. Бисёр аскарони мо барои штурми ди-

1 «Украинская ССР в Великой Отечественной войне Советского Союза», ч. 3, саҳ. 366.
2 «Украинская ССР в Великой Отечественной войне Советского Союза», ч. 3, саҳ. 364.

пешина
аз 139
навбатӣ