Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
пеш, разведкачӣ ва билохира командири отделения буд. Оре, Абдулло Мӯсоев разведкачии моҳиру далер буд. Вай ҳаёти разведкачигии худро ба хотир оварда чунин мегӯяд: «Барои ишғол намудани соҳили ғарбии дарёи Одер муҳорибаҳои шиддатнок давом мекард. Маро ҳамроҳи ду нафари дигар барои ба даст овардани «за- бон» фиристоданд. Соати 2 шаб буд. Мо хазида ба пу- лемёти душман наздик шудем. Посбон аз пулемёт дур рафт. Дар хандак се-чор нафар фашистони немис сар- маст буданд. Аз камин хез зада посбонро ханҷар за- дам, рафиқон бошанд худро ба хандак партофта, чанд тан фашистро ҳалок гардонданд... Як офицери немисро асир ва як пулемёт ғанимат гирифтем...»
Дар ин бора дар ҳуҷҷатҳои архив маълумотҳои зиё- де мавҷуданд. Дар Архиви марказии Вазорати Мудо- фиаи СССР варақаҳои мукофоти шахбози хатлонза- мин — Абдулло Мӯсоев маҳфуз аст, ки аз корномаҳои ҷангии ӯ далолат мекунад. Дар яке аз ин варақаҳои мукофот, ки аз тарафи фармондеҳи полки 515-уми ти- рандозии Брандербург, подполковники гвардия Поно- марчук навишта шудааст... мазмуни сатрҳои зайл сабт гардида- анд. «Дар муҳорибаҳои соҳили ғарбии дарёи Одер 19—20 апрели соли 1945, инчунин дар ишғол намудани баландии 62,6 ефрейтор Мӯсоев Абдулло аз яроқи снай- периаш 2 расчёти пулемёти душманро аз кор баровар- да, 25 солдати фашистро ба ҳалокат расонд. Умуман, аз январ то феврали соли 1945 дар давоми муҳориба- ҳои шиддатнок аз дарёи Висла то дарёи Одер ва дар давраи муҳорибаҳои баъдина аз дарёи Одер то соҳил- ҳои дарёи Эльба рафиқ Мӯсоев шахсан 83 солдат ва офицери немисро ба ҳалокат расонд»1.
Абдулло Мӯсоев барои ин шуҷоат бо тавсияи ко-
1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 564521, д. 175, в. 20.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё