Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Носиров даромадам. Ӯ маро нағз гӯш карда, ниҳоят гуфт: майлаш, ман гапзанон мекунам...»
Ҳамин тариқ, 15 сентябри соли 1943 Абдулло, ҷигарбанди сеюмини Мӯсо-амаки 80-сола ба ҳимояи Ватан меравад. Дере нагузашта Абдулло Мӯсоев дар муҳорибаҳои шадид иштирок карда, бо душмани ғаддор даст ба гиребон мешавад ва чун аскари ҷасуру далер ном мебарорад. Ӯ дар озод намудани шаҳрҳои Витебск, Бендеры, Смоленск, Кенигсберг, Варшава ва штурми Берлин саҳми арзанда гузошта, хусусан дар озод намудани сарзамини Польша ва штурми Берлин ҷасорату матонат нишон додааст.
Ба ҳуҷҷати архив рӯ меоварем: «Ефрейтор Мӯсоев Абдулло, снайпери рораи 2-юми тирандозии полки 515-уми тирандозӣ дар муҳорибаҳои шадиди маҳалли Свинажини району Турийск, вилояти Волинск моҳи апрели соли 1944 иштироки фаъолона дошта, шахсан 7 солдати немисро ба ҳалокат расондааст. Бинобар ин бо фармони полки 515-уми тирандозии Армияи 69-уми фронти 1-уми Белоруссия зери рақами 0150-Н аз 28 июли соли 1944 Абдулло Мӯсоев бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида мешавад»1.
Оре, Абдулло Мӯсоев сарбози ҷасуру нотарсе буд. Бинобар ин дере нагузашта ӯро командири отделения таъин менамоянд.
Пас аз ин,— мегӯяд Абдулло Мӯсоев, — маро масъулият дучанд гардида буд. Дар отделения намояндагони миллатҳои гуногун буданд. Фаъолияти ҷангии ман бештар бо Ямполскии украин, Николаи рус ва Мамедови туркман гузашта буд. Ман онҳоро дӯст медоштам ва ҳамеша ба разведка ҳамроҳ мерафтем.
Абдулло Мӯсоев командири расҷёти пулемёт, снай-
1 Архиваи марказӣ Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 717037, д. 1350, в. 76.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё