Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
дар баландии 178 метр бо ҳайати расҷёти худ аз оташи миномёт 2 пулемёти душманро бо расҷёташ несту нобуд кард. Ӯ ҷангро дар дохили хати мудофиаи душман идома дода аз минаҳои аз фашистон ғанимат гирифта моҳирона истифода мекард, аз миномёт пайваста оташ мекушод ва бо ин ба пешравии қӯшунҳои пиёдагарди мо имконият дод. Расҷёти Григорян 10 солдати немисро ба ҳалокат расонд. Ӯ шахсан 4 фашистро нобуд карда, якумин шуда ба баландии 162-юм зада баромад ва бо граната пулемёти душманро аз кор баровард. Ӯ ҳарчанд сахт маҷрӯҳ гашта бошад ҳам, то фармони командири рота майдони ҳарбу зарбро тарк накарда, ҷангро давом дод»1.
Барои ин корномаи Григорий Аванесович бо тавсияи командири полки 204-уми тирандози подполковники гвардия Бондарь 18 сентябри соли 1944 бо фармони командири дивизияи 69-уми тирандозии гвардия бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда мешавад.
Сарбози арзандаи Ватан Григорян Григорий Аванесович то ин дам барои корномаҳои беназираш сазовори медадаҳои ҷангии «Барои шуҷоат» ва «Барои хизматҳои ҷангӣ» гашта буд.
Григорий Аванесович рӯзҳои озод гаштани Украинаи бародариро пеши назар оварда мегӯяд: «Ҷангҳои хунин барои озод кардани сарзамини бостонии украинҳо пуршиддат мегузаштанд. Фашистон маҷбур буданд, ки торафт ақиб нишинанд. Дидор бо сокинони ин сарзамин басо ҳузновар буд. Онҳо аҳолии маҳаллиро чунон азият дода, ба дараҷае шаҳру деҳаҳоро хароб, киштзорҳоро поймол ва ёдгориҳои мӯҳташами ниёгонро валангор карда буданд, ки кас аз дидани онҳо ба хашму ғазаб наомада наметавонист».
1 АрхиВИ марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 248, в. 214.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё