Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
мекарданд. Аз муваффақиятҳои Армияи Сурх ба ғазаб омада, кирдорҳои мудҳиш содир менамуданд. Дар ҳама ҷо қатлу хунрезӣ мекарданд, ҳатто ба пиронсолону тифлон ва беморон заррае ҳам шафқат надоштанд1.
Саҳифаҳои ҷангии сарбози арзандаи Ватан Григорий Аванесовичро варақ зада, кас аз диловариҳои ӯ ангушти ҳайрат мегазад. Ҳуҷҷатҳои Архиви Вазорати Мудофиаи СССР бори дигар ин далелҳоро собит менамоянд. Зимни сӯҳбат мо аз ӯ хоҳиш намудем, ки оид ба яке аз лаҳзаҳои ҷангии хеш ҳикоят намояд. Вай каме таваққуф намуда, ба гап даромад: «Моҳи августи соли 1944-ум буд. Қӯшунҳои мо фашистонро таъқибкунон сӯи Ясса-Кишинёв мешитофтанд. Баногоҳ ДОТ-и душман ба аскарони мо якбора оташ кушод. Минаҳои фашистӣ бошанд, садди роҳи ҳаракати танкҳо гашта буданд. Вазъияти басо пурхатар ба миён омад. Командири рота, лейтенанти калон Майоров Николай Иванович маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки илоҷе карда аз миназор роҳ кушоям ва нуктаи оташфишониро маҳв созам. Якчанд граната гирифта, хазида пеш рафтам. Чандин минаро безарар карда, ба хати оташфишонии душман наздик расидам. Пайташро ёфта гранатаҳоро паси якдигар сӯи ДОТ ҳаво додан гирифтам. Дар сафи душман бесарусомонӣ ба амал омад. Танку пиёдагардони мо аз ин истифода карда ба ҳуҷум гузаштанд. Ман сахт ярадор шудам...»
Дар варақаи мукофоти ӯ, ки дар Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР маҳфуз аст, чунин навишта шудааст: «Сержанти гвардия, командири отделенияи ротаи 2-юми миномётии полки 204-уми тирандозии гвардия Григорян Григорий Аванесович 20 августи соли 1944 ҳангоми рахнаи хати мудофиаи душман
1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1961, р. 2, д. 28.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё