Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ков ба гурӯҳи 30-нафараи фашистон, ки ба ҷанг омода шуда буданд, дучор омад.

Фашистон аз ҳуҷуми ногаҳонии разведкачиҳо мабҳут монда, яроқҳоро ба замин гузошта таслим шуданд.
Дар ин муҳориба Ҳасанов аз автомати худ 2 фашистро ба ҷаҳаннам фиристод» 1.

Бо фармони Армияи 8-уми гвардия зери рақами 703-Н аз 7 июни соли 1945 Насим Ҳасанов бо ордени Шараф дараҷаи II тақдир карда шуд.

Чунон ки аз ҳуҷҷати архив маълум шуд, Насим Ҳасанов барои матонату шуҷоаташ бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад. Қадршиносии партия ва ҳукумат ҷанговарони советӣ, аз ҷумла Насим Ҳасановро рӯҳбаланд карда, ба корномаҳои навин ҳидоят менамуд. Ӯ барои ҷасорату диловариҳои навинаш ба мукофоти навбатии ҳукуматӣ сазовор дониста мешавад. Дар тавсияномаи фармондеҳон, ки алҳол дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР маҳфуз аст, сатрҳои зер сабт гардидаанд: «Ҳангоми гузаштани дарёи Шпрея рафиқ Ҳасанов бо гурӯҳи разведкачиҳо аввалин шуда аз он гузашт. Ҳангоми ҷангкунон аз дарё гузаштан рафиқ Ҳасанов ҷасорату далерӣ зоҳир намуда, ба гузаштани тамоми гурӯҳи разведкачиҳо ва ташкили плацдарми қӯшунҳои советӣ шароит ба вуҷуд овард. Дар ин муҳориба Насим Ҳасанов аз автомати худ 2 фашистро ба ҳалокат расонда, 5 гитлерчиро асир гирифт.

Барои мардонагию ҷасуриаш ҳангоми гузаштани дарёи Шпрея рафиқ Ҳасанов бо фармони Армияи 8-уми гвардия зери рақами 722 аз 11-уми июли соли 1945 бори дуюм бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.

1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р.
686190. д. 4508, в. 174. 266.

пешина
аз 139
навбатӣ