Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди фурсате, ба худ омада чун ошноҳои дерина ҳолпурсӣ намудем...

Чанд муддат дар Алмаато бо ҳам будем ва аҳд кардем, ки то абад якҷоя бошем.

Ба Душанбе омада то охир хуррамона умр ба сар бурдем. Афсӯс, ки марги бемаҳал моро аз ҳам ҷудо кард...»

Ҳикояти Зулфия-хола (ӯро Зулфия меномиданд) моро сахт мутаассир кард. Ба муҳаббату садоқати онҳо қоил мондем..

«Сержанти гвардия Ҳасанов Насим 27-уми январи соли 1945 дар штурми деҳаи Шейн-Нерхаузен ҷасорат нишон дод. Ӯ бо гурӯҳи разведкачиён ба канори деҳа расида, бо эҳтиёткории тамоми ба хонаи аввалини деҳа, ки он ҷо фашистон паноҳ бурда буданд, наздик рафта, граната ҳаво дод, ки дар натиҷа 5 фашист ҳалок гардид. Бо ҳамин, ба штурми деҳаи Шейн-Нерхаузен имконият пайдо шуд ва деҳа аз фашистон озод гашт.

Сержанти гвардия Ҳасанов ба мукофоти ҳукуматӣ сазовор аст.

Командири рораи 41-уми махсуси гвардияи разведка лейтенанти калони гвардия Фиратов»1.

Бо фармони дивизияи 39-уми тирандозӣ зери рақами 0173 аз 10-уми апрели соли 1945 Насим Ҳасанов бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида мешавад.

Муваффақиятҳои пайдарпайи Армияи Сурх ӯро ба ваҷд меоварданд. Вай баҳри он мекӯшид, ки дар ғалабаи бузург бар фашизм ҳиссаи арзанда гузорад. Инак, ҳуҷҷати дигари архив, ки аз боби диловариҳои бемисли фиристодаи халқи тоҷик ҳикоят мекунад: «Сержанти гвардия Насим Ҳасанов ҳамроҳи гурӯҳи разведкачиён ҳангоми муоинаи диққаткоронаи боғи Помпель-

1 Архиваи марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690306, д. 2334, в. 203, 219.

пешина
аз 139
навбатӣ