Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Моро дар саҳни ҳавлӣ зани миёнақади кушодчеҳрае пешвоз гирифт ва бо илтифот ба меҳмонхона даъват кард.

Мо мақсади омаданамонро гуфтем. Завҷаи қаҳрамон Таися Павловна (ӯ забони тоҷикиро хуб медонад) андӯҳгин шуду дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва сӯи мо чашм дӯхта гуфт: «Қисмати мо аҷиб аст. Солҳои ҷанг ман дар фабрикаи дӯзандагии Алмаато дӯзанда шуда кор мекардам. Дар фабрика анъанае расм шуда буд, ки мо дӯзандагон дар як кунҷи либоси дӯхтаамон адрес ва номи худро менавиштем. Тасодуфан ӯ яке аз шимҳои дӯхтаи маро мепӯшад ва ногоҳ чашмаш ба он «қайд» меафтад.

Рӯзе яке аз дугонаҳои ҳамкорам мактуберо ба ман оварда дод. Ин мактуби Насимҷон будааст. Дар номааш менавишт, ки ӯ ғоибона ба ман дил бастааст. Шими дӯхтаи ман ӯро писанд омадааст. Дар поёни нома вай аз ман хоҳиш карда буд, ки ҳатман ҷавоби мактубашро гардонам. Ҳамин тавр, мо се сол бо ҳам мукотиба доштем ва ҳамдигарро аз расм мешинохтем. Ҷанг ҳам ба охир расид. Дар яке аз рӯзҳои тобистони соли 1947 аз ӯ мактуб гирифтам. Дар он таъкид мешуд, ки ӯро дар вокзали Алмаато истиқбол кунам.

Ману яке аз дугонаҳоям роҳи вокзалро саҳари барвақт пеш гирифтем. Дилам, аз чӣ бошад, метапид. Ин дам радиои вокзал эълон кард, ки поезди Москва — Алмаато баъди чанд дақиқа ба истгоҳ мерасад. Ҳаяҷону изтироб афзунтар гашта буд. Поезд ҳам расиду мусофирон як-як берун омадан гирифтанд. Чашмони ману дугонаам ҷавони ҳарбипӯшро меҷустанд. Ин дам аз қафо овози «Салом Таисяхон» ба гӯш расид. Як қад парида ба қафо нигаристам, бинам Насимҷон... Беихтиёр худро ба оғӯшаш партофтам. Аз чӣ бошад, гиряи гулӯгирам мекард. Ӯ ҳам сахт ба ҳаяҷон омада буд, чизе гуфта наметавонист...

пешина
аз 139
навбатӣ