Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Миёни халқу Ватан сахт аҳду
паймон аст,
Набуду нест ҷудоӣ дар миён
ҳаргиз».
ҲАСАНОВ
Насим
(1924—1977)
Насим Ҳасанов аз қабили он қаҳрамоонест, ки саҳифаҳои ҷангии ӯ ба хонандаи тоҷик чандон равшан набуд. Шояд сабаб он бошад, ки дараҷаи олии ордени Шараф — дараҷаи якумро хеле дер — 4 майи соли 1976 бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР гирифта буд.
Бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёти ҷангию меҳнатии ин родмарди арзандаи Ватан ба шаҳри Орҷоникидзеобод рафтем. Ба мо хабар дода буданд, ки дар посёлкаи назди стансияи роҳи оҳани шаҳр истиқомат мекунад.
Хушбахтона, мардуми шаҳр ӯро хуб мешинохтаанд ва зимнан гуфтанд, ки ӯ дар қайди ҳаёт нест, чанд сол қабл аз дунё даргузашта буд. Аз ин хабари нохуш мо сахт андӯҳгин шудем, вале бо вуҷуди он роҳи хонаашро пеш гирифтем. Роҳравон дидем, ки кӯча номи ӯро доштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё