Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Барои чунин диловарӣ Ҷонбой Қамаров 19 апрели соли 1945 бо тавсияи командири полки 422-ми тирандози подполковник Атроменков бо ордени Шарафи да-раҷаи I мукофотонида мешавад.
Пас аз озод гардидани шаҳри Фрауенбург Ҷонбой Қамаров ба госпиталь барои табобат фиристода ме-шавад.
Баъди табобат ба зодгоҳаш баргашт. Хурсандию ифтихори аҳли хонаводаву диёр ҳамто надошт.
Дере нагузашта, Қамаров ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ кард, ӯ чанд муддат бухгалтер, санитар, мудири фермаи совхози «Намуна» шуда кор кард. Баъдтар ва-зифаҳои сардори участка, сардори шӯъбаи алоқаи де-ҳаи Пилдон ва охирон мудири китобхонаро адо ме-кард¹.
Вай соҳиби 9 фарзанд аст. Фарзандони калонии қаҳ-рамон имрӯз чун падар дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷа-гии халқ садоқатмандона меҳнат мекунанд.
Ӯ бо собиқ ҳамяроқонаш мукотибаи доимӣ дорад. Ӯро тез-тез ба ҷамъомаду вохӯриҳо ба Москва ва ди-гар шаҳрҳои Ватани паҳноварамон даъват менамоянд.
Ҷонбой-амак ҳоло ҳам чолоку бардам аст. Ба пи-ронсолиаш нигоҳ накарда, дар корҳои саҳроӣи совхоз фаъолона иштирок мекунад.
¹ Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон. ф. 1691, р. 2, д. 92.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё