Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сержанти калон Ҷонбой Қамаровро масъулият дучанд гардид. Ӯ командири гурӯҳи автоматчиёни роваи махсуси автоматчиёни полки 422-юми дивизияи 170-уми тирандозӣ таъин шуда буд. Вай мебоист ба гурӯҳи автоматчиён ӯҳдабароёна роҳбарӣ намуда, худ ибрат нишон диҳад.

Ҷонбой орзу дошт, ки гитлерчиёни ваҳширо то худи Берлин қир кунад. Он рӯзҳо Армияи Сурх сарзамини Белоруссия ва республикаи Литваро аз фашистон озод намуда, ба ҳудуди Пруссияи Шарқӣ дохил шуда буд.

Дар яке аз ҳуҷҷатҳои архиви марказии Вазорати мудофиаи СССР охирин диловарии сержанти калон Ҷонбой Қамаров ин тавр сабт шудааст:

«8 феврали соли 1945 дар рахна намудани хатти мудофиаи фашистон дар атрофи шаҳри Фрауенбург (Пруссияи Шарқӣ) полк ба ҳуҷуми қатъӣ гузашт. Командири гурӯҳи автоматчиёни роваи махсуси автоматчиён сержанти калон Ҷонбой Қамаров бо зарбаи қатъӣ монеаи симхор ва майдони минаи душманро нобуд карда, яке аз аввалинҳо шуда бо отделенияи худ ба хандақи немисҳо роҳ ёфт. Дар ин ҷо 12 солдати фашистро нобуд карда, як тӯпи фашистиро ғанимат гирифтанд.

Қамаров шахсан дар хандақ 5 солдати немисро ба ҳалокат расонд ва душманро таъқибкунон яке аз аввалинҳо шуда, ба шаҳри Фрауенбург дохил гашт. Вай ба яке аз хонаҳо даромада, бо гранатаи дастӣ дар таҳхона 2 пулемётчии душманро, ки садди роҳи пешравии қӯшунҳои мо гардида буданд, нобуд кард. Дар ин ҷо ӯ сахт ярадор шуда бошад ҳам, то ишғол намудани шаҳри Фрауенбург майдони ҷангро тарк накард»1.

1 Архиваи марказии Вазорати мудофиаи СССР. ф. 33. р. 686046. д. 47, в. 313.

пешина
аз 139
навбатӣ