Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ти 2-юми Белоруссия таъин намуданд. Акнун ба ӯ лозим меомад, ки паи дастгир намудани «забон» душвориҳои беҳисобро паси сар намояд. Вале, хушбахтона, ҳар дафъа амалиёти пинҳонӣ ба ҳушӣ анҷом меёфт. Бо супориши штаби фронт ӯ 21 октябри соли 1944 як нафар обер-лейтенанти душман, 8 феврали соли 1945 бошад командири батальони фашистонро бо ҳуҷҷатҳои муҳиме дастгир намуда, ба пешравии аскарони советӣ роҳ кушода буд.

Ҷонбой Қамаров дар озод намудани шаҳрҳои дигари Белоруссия низ саҳми арзанда дорад. Вай ваҳшониятҳои бераҳмонаи фашистонро бо чашмони худ дида, бо нафрати дучанд ҳуҷум мекард.

Дар ҳуҷҷати мукофот дар бораи корнамоии вай дар озод намудани шаҳру деҳаҳои вилояти Гомель чунин навишта шудааст:

«Дар рахна намудани хати мудофиаи душман дар соҳили дарёи Друть ҷанги шадиде сар зад. Автоматчи, ефрейтор Қамаров 26 июни соли 1944 дар атрофи қишлоқи Близницини райони Рогачёви вилояти Гомель яке аз аввалинҳо шуда ба хандақи душман зада даромад ва аз паси худ ҳайати ротаро ба баландии 141,61-ум баровард. Дар дохили хандақ муҳорибаи хунине сар зада, Ҷонбой Қамаров бо оташи автомати худ 8 солдат ва 2 офицери немисро ба ҳалокат расонд»¹.

Ҷонбой Қамаров чун сарбози беҳтарин бо фармони Армиян 48-ум аз 10 июли соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.

Ҷонбозиҳои беамсолу хунсардиҳои Ҷонбой ба ҳамяроқонаш болу пар мебахшиданд. Аскарони Сурх бо шуҷоати хосе дарёи чуқуру қамишзори Друтро тайкунон немисҳоро зери тиру туфанг гирифтанд... Соҳили ғарби Друть ба даст дароварда шуд.

¹ Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33. р. 690155, д. 865, в. 81.

пешина
аз 139
навбатӣ