Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сонда, бо гранатаи дастӣ автомашинаи зиреҳпӯши душманро зада аз кор баровард»1.

Барои чунин корнамоиҳо Ҷонбой Қамаров бо тавсияи фармондеҳи дивизияи 170-уми тирандозӣ аз 25 феврали соли 1944 бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида мешавад.

Фармондеҳи дивизия генерал-полковники ба истеъфо баромада С. Цыпленков дар китобаш «Ҳамсафони ҷангии ман» чунин менависад: «21 феврали соли 1944 буд. Дар наздикии деҳаи Михайловский ҷанги хунине ба вуқӯъ пайваст. Дар ин муҳориба полки 422-юм саҳми арзанда гузошт. Барои диловарию шуҷоат як гурӯҳ ҷанговарон бо ордену медаллаҳо мукофотонида шуданд. Фиристодаи шуҷои халқи тоҷик Ҷонбой Қамаров барои далерию ибрати намунавии ҷангиаш бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида шуд».

Сабти чунин сатрҳо аз ҷониби фармондеҳи дивизия дар ҳаққи солдати қаторӣ шарафи азимест.

Оре, Ҷонбой Қамаров ба чунин мукофот шоистаю арзанда буд.

Қамаров зодаи кӯҳсор аст. Ӯ дар деҳаи кӯҳии Чубаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Аз маркази ноҳия то деҳа роҳи каҷу килебе меравад. Деҳаро бошад талу теппаҳои доманфарох иҳота кардаанд. Ин буд, ки ӯ дар байни ҳамсафонаш бо чолокию нотарсияш фарқ мекард.

«Ман — мегӯяд Ҷонбой Қамаров, — дар майдони ҳарбу зарб аз рӯи дастури ҳарбӣ тез-тез ҷои худро иваз мекардам ва болои барф озодона тез меҳазидам — ин ҳама мероси айёми бачагиам буд».

Бале, кӯҳсори тоҷик Ҷонбой ҷавонро басо обутоб дода буд. Ҷонбой ордендорро разведкачии штаби фрон-

1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686044, д. 3952, в. 125.

пешина
аз 139
навбатӣ