Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Бо гузашти айём ин фармон ислоҳ карда шуда, 4 май соли 1976 бо Укази Президиуми Совети Олии СССР барои ҳамин корнамоиҳояш Насим Ҳасанов бо ордени Шараф дараҷаи I тақдир карда мешавад»1.
Ҳамин тавр, бо иштибоҳи хоси айёми ҷанг ордени тиллои Шараф ба Насим Ҳасанови диловар хеле дер — фақат баъд аз фавташ расид. Аз ин хабар аҳли хонадони Ҳасановҳо, наздикон ва ҳамдиёрон хеле шод гаштанд.
Комиҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод пас аз ин фармон кӯчаеро ки дар он Насим Ҳасанов зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузошт.
Зикр бояд кард, ки Насим Ҳасанов дар меҳнат низ намунаи ибрат буд. Ҳаёти баъдиҷангии ӯ асосан ба касби ошпазӣ алоқаманд аст. Вай то охири умраш ошпази мумтози ошхонаи колхози овозадори «Коммунизм»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод буд.
Насим Ҳасанов баробари меҳнати пурмаҳсул се фарзанд тарбия намуда, ба камол расонд, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ чун падари хеш садоқатмандона меҳнат мекунанд.
Хотираи неки ин марди ҷасуру диловар ҷовидон хоҳад монд.
1 Архиваи марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686196. д. 4508, в. 174, 266.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё