Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

оташкушоии 2 миномёти душман имкон надода, тӯдаи қӯшуни пиёдаи душманро, ки ба мавқеи мо ҳуҷум оварданӣ буд, пароканда намуд»1.

Дар асоси ин тавсияномаи фармондеҳи полк Президиуми Совети Олии СССР Тараев Сергей Степановичро бо ордени Шараф дараҷаи I мукофотонид.

Ҳамин тариқ, собиқ муаллими вилояти Горький ба се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардид. Илова ба ин, ӯ ба якчанд медалу ташаккурномаҳои фармондеҳони олӣ соҳиб мегардад ва баъди анҷоми зафаровари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зодгоҳаш бармегардад.

Тараев касби омӯзгориро басо дӯст медошт. Бинобар ин омӯзгориро ихтиёр карда, ба хонандагон аз фанни таълими ҳарбӣ дарс мегуфт.

Ибтидои солҳои 60-ум дар Тоҷикистон сохтмони ГЭС-и Норак оғоз гардида, чун сохтмони азими умумииттифоқӣ шӯҳрат пайдо мекунад. «Ман, — мегӯяд Сергей Степанович, — ҳанӯз дар солҳои ҷанг бо бисёр аскарони тоҷик ҳамяроқ будам. Аҷаб сарбозони далеру шуҷоъ буданд. Онҳо баъзан аз таърихи халқи тоҷик, аз диёри офтобрӯяи худ нақлҳои аҷоиб мекар-данд.

Соли 1966 қатъӣ қарор кардам, ки ба Тоҷикистон равам ва дар сохтмони ГЭС-и азамати Норак ҳиссаи худро гузорам...»

Ҳамин тавр, аз соли 1966 ин родмарди Ватан соки-ни диёри тоҷикон гардид. Инак, қариб бист сол аст, ки ӯ ҳамқадами муваффақиятҳои халқи тоҷик аст. Вай дар ГЭС-и Норак то ба нафақа баромаданаш ба си-фати дуредгар кор кард. Ба сохтмони Норак омада, чун дуредгари моҳир ном баровард. Соли 1973 ғолиби мусобиқаи социалистӣ гардид.

1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686196, д. 7054, в. 206.

пешина
аз 139
навбатӣ