Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Ӯ Наврӯзро дар пойтахти форсҳо Персепол ё худ Тахти Ҷамшед бо тамоми шукӯҳаш истиқбол гирифт. Беҳтарин раққосаҳо ва созандагонро даъват намуд, қолинҳои форсиро дар остонаи қасри Сафед густурд, маросими тоҷгузориро аз рӯи расму русуми шоҳаншоҳи Ҳаҳоманишӣ ба ҷо овард. Варзишу мусобиқа ва набардҳои тан ба тан ба ҷашни Наврӯз шукӯҳи хоса мебахшид.
Тантанаи ғалаба ва базми бошукӯҳ он баҳор дар Тахти Ҷамшед қариб се моҳ давом кард. Фарҷоми моҳи майи соли 330 то милод Таис ном гетераи (фоҳишаи) афинагӣ баъди базми навбатии майгузорӣ эълон кард, ки беҳтарин иқдоми Искандар барои ситонидани қасоси худоёни Юнонзамин ин дам бояд оташ задани қасри шоҳ дар Тахти Ҷамшед гардад. Ҷумлаи сарлашкарону муқаррабони сархуши Искандар бархостанд ва машъалҳои фурӯзон дар даст ба оташ задани қасри шоҳ дар Персепол омода шуданд. Нахустин шуда машъалро сӯи қасри шоҳ дар Тахти Ҷамшед Таис ва сипас Искандар ҳаво доданд. Тахти Ҷамшед ба оташ печид ва он баҳор боргоҳи аҷдодии шоҳони Форс ба коми оташу бод рафт.
Искандари Мақдунӣ аз шаҳри навбунёди хеш ҳар қадар дур равад ҳам, аз ҷараёни сохтмон огоҳ буд. Ӯ мехост пойтахти наваш дар олам ҳамто надошта бошад. Ҷумлаи осори гаронбаҳои санъат ва дастхатҳои нодир, аз ҷумла нусхаи зарнавишти "Авесто" -ро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё