Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
набарди олиҳаҳои савораро тасвир карда, худро дар сурати марди солдида ва Периклро дар сурати ҷавонмарди зебоандом, ҳангоми разм бо олиҳаҳо офаридааст. Ӯ қасдан дасти хеш ва найзаи Периклро дар баробари андомашон қарор дода, гӯё бо ин амал монандиро аз чашм дур карданӣ шудааст".
Фидий ба рафиқони худ маҳсули корашро намоиш медиҳад.
Мусаввараи Алма Тадема. Соли 1868.
Заҳмати гарони нӯҳсолаи Фидий ва айбу иллати ёфтаи саррӯхонӣ, яъне дар сафи илоҳӣ ҷой додани бандаҳои хокӣ қадрашро бохт, вале ба гӯшаи хаёли касе аз маъбад берун кардани ин муҷАССАМАИ беҳамто роҳ наёфт. Рақиби деринаи Фидий - Поликлети Аргосӣ, ки ба таҳмини муаррихон аз рӯи ҳасад иғво ангехта буд, ба мурод нарасид. Ҳукми қисмати Фидийро ба ихтиёри Нозирони Олӣ вогузоштанд.
Аз рӯи ривояти Плутарх чанде аз душманон Фидийро ба дуздидани тиллои барои сохтани ҳайкал ҷудошуда гунаҳкор карданӣ мешуданд. Вале Фидийи дурандеш пероҳан ва қабои заррини Афинаро, ки аз тиллои холис буд, аз танаш ҷудо намуда дар тарозу баркашид ва бегуноҳ будани худро собит намуд. Вале аз ин тӯҳмати ноҷо ва бадномнакуниҳои ноҷавонмардона Фидий оқибат дилшикаста шуд ва душманони сохта демократӣ ба Перикл ва тарафдоронаш зарба заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё