Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Он вақтҳо дар оғози бозиҳои олимпӣ аксари тамошобинон ва иштирокчиёни набарду мусобиқаҳо ба шарафи худоёни Афина назру ниёз ва қурбониҳои афзуне оварда умеди зафарёбию ғалаба мебастанд. Одатан, бозиҳои олимпӣ дар ҳар чор сол як маротиба дар фарози паҳновари Олимп баргузор шуда, ба он аз тамоми гӯшаву канорҳои Юнонзамин ва ҳамсоякишварҳои он ҳаводорони зиёде меомаданд. Қабл аз оғози мусобиқаҳо актёрому драматургон фоҷиаву мазҳакаҳои офаридаашонро намоиш медоданд, файласуфону суханварон ваъз мехонданд, шоиру нокеанигорон асарҳои офаридаи худро қироат менамуданд, меъморону ҳайкалтарошон нусхаҳои асарҳои офаридаашонро ба намоиш мегузоштанд. Ва акнун аз қазои тақдир ин бахти беамсол насиби Фидий гашта буд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳафзои кушода шудани муҷассамаи Афинаи Парфенос қабл аз саршавии бозиҳои олимпӣ, издиҳоми бешумори одамон аз билодҳои дуру наздик ширкат доштанд.

Аз рӯи муҷассамаи Афина пардаро фуроварданд. Дар пеши назари издиҳоми ба ваҷд омада ҳомии шаҳри Афина, эзиди набарду ғалабият, олиҳаи хирад, санъат ва ҳунар – Афинаи соҳибҷамол ба зуҳур омада буд.

Фидий муҷассамаи дувоздаҳметраи Афинаро зимни ривояти асотирӣ аз тиллои холис ва устухони фил бо услуби рӯкаш кардани чӯб месозад, ки дар кафи дасти росташ пайкари хурди эзиди Ғалаба орамида буд. Шаҳр дар тимсоли муҷассамаи Афина ҳомии хешро пайдо кард ва дар фарози Акропол ба ҷои худоёни собиқ худои наве падид омад.

Шоире чанд дар васфи олиҳа бадоҳатан шеър гуфтанд. Аз рӯи русуми дерина мебоист рӯҳониён баъди анҷоми зикри хайр ва дуову салавот ба зиёрати маъбади Афинаи Парфенос рухсат медоданд. Саррӯҳони асои бузургашро ба замин кӯфта, дар баробари муҷассамаи Афина бозистод. Ӯ аз куфру бидъат ва густохию шаккокии бандаҳои осӣ хеле ваъз хонда, сипас ба пайкараҳои кандашудаи рӯи сипари Афина ишора кард. Дарвоқеъ, ду симои ошно – пайкараи Фидий ва дӯсти ӯ Перикл ҳангоми набарди худоён ва олиҳаҳои савора ба рӯи сипар сабт шуда буд. Чунон ки муаррихи юнонӣ Плутарх дар "Сарнавишт ва зиндагиномаи Перикл" меорад, Фидийро барои он айбдор карданд, ки дар рӯи сипар

пешина
аз 84
навбатӣ